Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар рӯбарӯи бӯҳрони газ?


Ба думболи тасмими Тошканд, ки гуфтааст сар аз 1-уми апрел интиқоли газ ба Тоҷикистонро қатъ мекунад, Душанбе дар пайи кашфи бозорҳои нав шудааст.

Дар ҳоле, ки Узбакистон масдуд шудани инқоли газ ба кишвари ҳамсояро анҷоми қарордод маънидод кардааст, назарҳое низ мавҷуданд, ки зуҳури харидори пуриқтидоре мисли Чин дар бозори энержӣ, Тошкандро ба гирифтани ин тасмим таҳрик додааст.

Бо ин ҳол суоле, ки акнун бисёр зеҳнҳоро банд кардааст, ин аст, ки бо надоштани марзи муштарак ва лӯлаи газ бо кишварҳои содиркунандаи ин навъи энержӣ, Тоҷикистон чӣ кор хоҳад кард?

Ширкати “Тоҷиктрансгаз” дар навбати аввал ба ҳамсояи минтақавии Тоҷикистон, кишвари аслии содиркунандаи гази табии Туркманистон рӯ овард ва дар ин маврид бо мақомоти туркман музокироти анҷом дод. Тавре худи мақомот мегӯянд, музокирот созанда буд ва Туркманистон омодааст ба Тоҷикистон газ бидиҳад. Аммо набуди лӯлаи мустақими гази табиӣ миёни Туркманистону Тоҷикистон, ахириро боз пойбанди ҳамсояи шимолӣ - Узбакистон кардааст.

Чанд сол пеш дар авҷи сардиҳои зимистон ва камбуди барқ, Тошканд дархости Душанберо, ки мехост барқи Туркманистонро аз тариқи қаламрави Узбакистон харидорӣ кунад, рад карда буд. Узбакистон он замон гуфта буд, ки хатҳои интиқоли барқ хеле фарсуда шудаанд ва ҳатто тавони таъмини бозори дохилиро надоранд. Ҳоло низ ҳеҷ замонате вуҷуд надорад, ки Узбакистон ба истифодаи лӯлаҳои гази табиии худ иҷозат диҳад.

Саидаҳмад Шарофиддинов, раиси ширкати «Тоҷиктрансгаз» мегӯяд, ҳоло гуфтушунид бо ҷониби Узбакистон ҷараён дорад ва онҳо интизори пусухи Тошканд ҳастанд. Аммо мегӯяд , дар сурати ҷавоби рад низ Тоҷикистон роҳҳои алтернативиро ҷустуҷӯ хоҳад кард: “Мо дар пайи ҷустуҷӯи роҳҳои нави дарёфти гази табиӣ ҳастем, ҳукумати кишвар дар ин масъала кор карда истодааст.”

Ба қавли оқои Шарофиддинов, роҳи алтернативии таъмини ниёзмандиҳои кишвар кашф ва истихроҷи гази табиӣ дар дохили Тоҷикистон аст. Вале ӯ мушаххас накард, ки оё ин барнома дар фурсати кӯтоҳ амалӣ мешавад ё хайр ва дар сурати ба дарозо кашидани он, роҳи ҳал кадом хоҳад буд?

Тайи даҳсолаҳои ахир интиқоли гази табии Узбакистон ба Тоҷикистон ба сахтӣ ва таърифҳои доимӣ ҷараён гирифтааст. Ҳарчанд ин додугирифт бар пояи пешпардохтҳои семоҳа сурат мегирад ва Тоҷикистон барои ҳар як 1000 метри мукааб гази табии Узбакистон тахминан 300 доллар пешпардохт мекунад. Дар маҷмӯъ Тоҷикистон дар сол аз Узбакистон то 200 миллион мукааб метри гази табиӣ харидорӣ мекунад.

Таҳлилгарон мегӯянд, қатъи якбораи интиқоли гази табиӣ аз Узбакистон, қабл аз ҳама ба фаъолияти корхонаҳои бузург мисли «Талко», Тоҷиксемент» ва «Тоҷиказот» халали ҷиддӣ ворид мекунад, ки аз корхонаҳои калидии Тоҷикистон унвон мешаванд.

Ду кишвари ҳамсоя бар сари истифодаи оби рӯдхонаҳои фаромазӣ мушкилот доранд ва додугирифтҳои маъмулии ду давлат низ дар партави ин мушкилот мӯҳтавои сиёсӣ касб кардаанд. Узбакистон дар аввали соли равон низ гази табииро ба Тоҷикистон қатъ карда буд ва танҳо пас аз номаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва сафари ҳайате аз ин кишвар ба Тошканд, интиқоли газро барои се моҳ иҷозат дод.

Ахиран мақомоти Узбакистон зимни номае ба Тоҷикистон иттилоъ додаанд, ки сар аз 1-уми апрел мӯҳлати созиши харидории газ тамом мешавад ва Узбакистон ба далели иҷрои созишномаи худ бо Чин, имкони тамдиди харидории гази табиӣ аз сӯи Тоҷикистон ва интиқоли он ба ин кишварро надорад.
XS
SM
MD
LG