Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тундравони Осиёи Марказӣ дар “ҷиҳоди глобалӣ”


Гурӯҳе аз ҷангҷӯёни узбакистонӣ дар Сурия.
Гурӯҳе аз ҷангҷӯёни узбакистонӣ дар Сурия.

Ибораи “амали террористӣ” бо калимаи “узбакистонӣ” имсол чанд дар чанд маврид ҳамрадиф шуд. Дар ҳамлаи маргбор ба як клуби шабонаи Истанбули Туркия дар остонаи соли нав, дар ҳамлаи моҳи апрел ба метрои шаҳри Санкт Петербурги Русия, чанд ҳафта баъд дар шаҳри Стокҳолми Шветсия ва инак дар ҳамла ба раҳгузарон дар шаҳри Ню Йорк дар Амрико.

Мақомоти амниятии Русия чанд шаҳрванди Тоҷикистонро ҳам бо иттиҳоми тарҳрезии амалиёти террористӣ дар он кишвар дастгир кардаанд ва ду нафар аз онҳоро баъди ҳамлаи моҳи апрел ба метрои Санкт Петербург куштанд. Дар анҷоми ин ҳамлаи маргталабона Акбарҷон Ҷалилов, шаҳрванди узбактабори Қирғизистонро муттаҳам карданд ва бо иттиҳоми ҳамдастӣ бо ӯ чанд муҳоҷири дигар аз Осиёи Марказӣ дастгир шуданд.

Бо назардошти афзудани ҳамлаву бомбгузориҳо аз тарафи шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамла ба Ню Йорк баёнгари таҳдиди афзояндаи ифротгароёни исломӣ аз Осиёи Марказӣ аст, ки аз террористон илҳом гирифтаанд. Рӯзномаи “Волл Стрит Ҷорнал”- и Амрико бо зикри чунин матлаб навиштааст, бо онки гурӯҳи Давлати исломӣ дар Ироқу Сурия шикаст мехӯрад, ҷангҷӯёни ин гурӯҳ ба хориҷ мегурезанд ва мумкин аст, ифротгароёни ӯзбак “дар бисёре аз гӯшаҳои ҷаҳон хатар эҷод кунанд.”

Аммо як суоли дигар, ки ҳоло дар зеҳнҳо чарх мезанад, ин аст, ки чаро як ҷавоне, ки бо орзуи озодиву зиндагии хуб ба Амрико меояд ва аз озодиҳои мазҳабиву ҳуқуқи бунёди бархурдор аст, ба чунин ҷинояти зиште даст мезанад.

Сайфулло Соипов
Сайфулло Соипов

Ба қавли онҳое, ки Сайфулло Соиповро мешинохтанд, ӯ баъди омадан ба Амрико, чандон муввафақ нашудааст ва борҳо аз як шаҳр ба шаҳри дигар кӯч бастааст. Ҳамроҳонаш ба бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки Сайфулло фарди хашмгине буд ва афсурдагӣ ҳам доштааст. Барои ибодат ба масҷид ҳам мерафтааст.

Аммо худи Сайфулло аз кишваре омадааст, ки ифротгароӣ аз даҳсолаҳо пеш дар онҷо зуҳур кардааст. Узбакистон баъди суқути шӯравӣ нахустин кишвар дар Осиёи Марказӣ буд, ки дар он созмони ифротӣ ба номи Ҳаракати исломии Узбакистон пайдо шуд ва дар Тоҷикистон Қирғизистон аъзо пайдо кард. Ҳоло дар Афғонистон фаъол аст.

Ба гуфтаи Брюс Паннир, таҳлилгари Радиои Озодӣ сабаби дигари ифротӣ шудани шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, мутобиқ нашудан ба ҷомеи комилан мутавофити ғарбӣ аст. Омили дигар ҷустӯҷӯи посух ба суолҳои беҷавоби динии худ, ки дар дохили Узбакистон ба он ҷавоб наёфта буданд.

“Онҳо барои пайдо кардан ба суолҳои худ дар бораи нақши ислом дар ҷомеа ва вазифаҳои динии худ ба масҷидҳои кишварҳои дигар ва Интернет рӯ меоранд, ки на ҳамеша манбаи хубе барои гирифтани иттилоъ ҳастанд “ – мегӯяд, Брюс Паннир.

То кунун маркази “ҷиҳоди глобалӣ” кишварҳои арабӣ буданд, вале солҳои ахир тундравон аз Осиёи Марказӣ ҳам ба таври афзоянда ба он ҳамроҳ мешаванд.

Мақомот ва коршиносон ҳам дар Тоҷикистон мегӯянд, бисёре аз ҷавонони ифротишудаи тоҷик, онҳое ҳастанд, ки дониши кам доранд ва пайваста мавъизаҳои динии рӯҳониёни тундрав дар Интернетро гӯш мекарданд. Йозеф Ланг ба Радиои Озодӣ гуфт, аз миёни онҳое ба сабаби зери по шудани ҳуқуқи мазҳабиашон аз Осиёи Марказӣ ба Аврупо омадаанд, афроди ангуштшумор ба фаъолиятҳои террористӣ даст задаанд.

Ба гуфтаи ӯ, ягона мисоли даст задани паноҳҷӯёни мазҳабӣ, ҳамлаи зодаи Узбакистон дар шаҳри Стокҳолм аст, ки ба сабаби маҳдуд шудани ҳуқуқи диниаш ба Шветсия рафта паноҳгоҳ пурсид ва сипас ҳамла анҷом дод.

Рӯзи 7-уми апрели имсол Раҳмат Оқилов, паноҳҷӯи узбак айни ҳамлавари Ню-Йорк мошинашро ба рӯи издиҳом равона карду 4 нафарро кушт. Чанд тани дигар ин ҳамла маҷрӯҳ шуданд. Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ Сайфулло Саипов, ки дар Ню-Йорк ҳамла анҷом дод, барои кор ба Амрико рафта буд, на бо нияти ҳамлаву харобкорӣ.

Ҳамлаҳои террористӣ аз тарафи шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар хориҷро метавон бо ангушт шумурд, вале афзоиши чунин амалҳо ба қавли Йозеф Ланг, нишондиҳандаи он аст, ки тундравон аз Осиёи Марказӣ ба “ҷиҳоди глобалӣ” ҳамроҳ мешаванд.

Ба тахмини Гурӯҳи байналмилалии таҳқиқи бӯҳронҳо, то кунун бештар аз 4 ҳазор нафар аз шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Сурияву Ироқ рафта ба сафи гурӯҳи Давлати исломӣ ва ба дигар созмонҳои ифротгаро пайвастаанд.

Йозеф Ланг
Йозеф Ланг

“То кунун маркази “ҷиҳоди глобалӣ” кишварҳои арабӣ буданд, вале солҳои ахир тундравон аз Осиёи Марказӣ ҳам ба таври афзоянда ба он ҳамроҳ мешаванд. Аммо ҳамлаҳо аз тарафи гурӯҳҳое ба мисли Ҳаракати исломии Узбакистон ва ё созмонҳои нави тундраве нахоҳад буд, ки зодагони Осиёи Марказӣ дар Ироқу Сурия ташкил кардаанд. Балки ҳамлаҳо аз тарафи афроди алоҳида ва ё ба истилоҳ “гургони танҳо” хоҳад буд"- мегӯяд, Ҷозеф Ланг.

Гургоне, ки ба гуфтаи маъмурони амниятии ғарбӣ бисёр хатарноканд ва ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои онҳо низ кори сахт аст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG