Мақомоти Туркия як корманди собиқи вазорати дифои Русияро, ки шиносномаи сохтаи тоҷикӣ дар даст доштааст, ба Тоҷикистон истирдод карданд.
Ин шахс бо иттиҳоми ширкат дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ба ҳайси як ҷангии хориҷӣ моҳи апрел боздошт шуда ба Тоҷикистон истирдод шуд ва дар Тоҷикистон маълум шудааст, ки ӯ бо шиносномаи тақаллубӣ ба сафи ДИИШ пайвастааст.
Таҳқиқи қазия шурӯъ шудааст
Хабари истирдоди як афсари собиқи вазорати дифои Русия субҳи 23 октябр аз ҷониби масъулини вазорати умури дохилии Тоҷикистон пахш
Ҳоло рӯшан нест, ки соҳиби ин шиноснома худаш ҳуҷҷати шаҳрвандиашро гум кардааст ё онро дуздида буданд. Аммо гурӯҳҳои ифротгаро дар Русия аз беҳуқуқии шаҳрвандони тоҷик огаҳ ҳастанд ва медонанд, ки мақомоти ҳар ду кишвар барои ошкор кардани чунин як ҷинояте ҳеҷ иқдоми ҷиддие рӯи даст намегиранд
шуд. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин шахс рӯзи шанбеи гузашта аз Туркия ба Душанбе истирдод шудааст, аммо ба далели халал нарасонидан ба таҳқиқи ҳодиса аз эъломи исми дақиқи соҳиби аслии шиносномаи тоҷикӣ худдорӣ кард.
Ба иттилои Умарҷони Эмомалӣ, дар шиноснома акси шаҳрванди Русия часпонида шуда буд. Вай афзуд, ки исми воқеии ин шаҳрванди 34-солаи Русия Денис Хисамов аст ва ӯро ҳанӯз моҳи апрели имсол замони фирораш аз Сурия дар хоки Туркия боздошт карданд. Ба далели дар даст доштани шиносномаи Тоҷикистон ба Душанбе истирдод шуд. Зеро, ба гуфтаи Умарҷони Эмомалӣ, мақомоти Туркия мушаххас кардаанд, ки ин мард дар ҷангҳои Сурия ба пуштибонӣ аз гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҷангида, хостааст ба ватан баргардад. Сухангӯи ВКД Тоҷикистон дар ин робита гуфт:
«Капитан Денис Хисамов, ки ҳамзамон номзади илмҳои техникӣ мебошад. Соли 2015 бо роҳи қалбакӣ шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон омода карда, тариқи он ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” пайвастааст. Денис Хисамов моҳи апрели соли ҷорӣ ҳангоми бозгашт аз Ироқу Сурия аз сӯи кормандони мақомоти интизомии Туркия боздошт шуда, бинобар доштани шиносномаи қалбакии Тоҷикистон, ба мақомоти тоҷик таслим карда шуд".
Умарҷони Эмомалӣ гуфт, ки мақомоти тафтишотии Тоҷикистон пеш аз ҳама мушаххас мекунанд, ки шиносномаи шаҳрванди ин кишвар бо чӣ роҳе ба дасти Хисамов афтодааст. "Вале дар рӯйхати мо исме, ки дар шиноснома зикр шудааст, вуҷуд надорад. Бо эҳтимоли зиёд ин шиносномаро кадоме аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия гум кардааст ва ё ба таври зӯрӣ аз соҳибаш гирифтаанд», гуфт ӯ.
Русия ҳанӯз вокуниш накардааст
Ҳанӯз мақомоти Русия боздошти Хисамов, як зодаи шаҳри Краснодарро шарҳ намедиҳанд ва сафорати Русия дар Душанбе низ гуфтааст, ки дар робита бо ин мавзӯъ аз мақомоти тоҷик иттилое дастрас накардаст. Мақомоти тоҷик гуфтаанд, ки ба эҳтимоли зиёд ин шахс ба Русия истирдод мешавад.
Ҷузъиёти дигар, аз ҷумла ҳуввияти афсари собиқи вазорати дифои Русия дар даст нест. Мушаххас нест, ки чӣ гуна як фарди низомӣ ва ҳам соҳиби унвони илмӣ метавонист ба сафи аъзои гурӯҳи ҷангии тундрав бипайвандад. Матбуоти русӣ низ асосан бо пахши хабари расмии вазорати умури дохилии Тоҷикистон иктифо кардаанд.
Маълум нест, ки мавқеъ ё назари худи марди истирдодшуда ба ин қазия чист ва то куҷо ӯ худро дар узвияти ДИИШ ва тақаллуби шиноснома гунаҳгор эътироф мекунад. Денис Хисамов аз замони истирдод дар боздошт ба сар мебарад.
Ҳукумати Русия мисли Тоҷикистон ва кишварҳои дигар гурӯҳи "Давлати Исломӣ"-ро ифротгаро ва ғайриқонунӣ эълон карда, шаҳрвандонашро барои пайвастан ба ин гурӯҳ шадидан муҷозот мекунад. Ба иттилои мақомоти русӣ, дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ҳудудан 10 ҳазор шаҳрванди кишварҳои собиқ Шӯравӣ иштирок кардаанд ва ҳудудан 4 ҳазор нафари онҳо шаҳрванди Русия мебошанд.
Русия бо ҳадафи мубориза бо ДИИШ ва пуштибонӣ аз ҳукумати Сурия дар амалиёти зидди ин гурӯҳ ҷангидааст.
Шиносномаи тоҷикӣ сӯиистифода шуд?
Зимнан, ҳамасола дар Русия беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон машғули кор мебошанд ва ҳолатҳои зиёде мешаванд, ки муҳоҷирони кории тоҷик ҳуҷҷатҳои худро гум мекунанд ва ё дар пайи ҳодисаҳои мухталиф онро аз даст медиҳанд. Соҳибназарон мегӯянд, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия ба қишри беҳуқуқи ҷомеа табдил ёфта, барои барқарор кардани ҳуҷҷатҳои худ сареан иқдом намекунанд.
Амнияти Абдуназар, як таҳлилгари тоҷик бар ин назар аст, ки гурӯҳҳои ҷиноятпешаи Русия аз чунин вазъи муҳоҷирони кории тоҷик истифода карда, талош мекунанд ҳадафҳои ғаразноки худро амалӣ созанд. Вай афзуд:
"Ҳоло рӯшан нест, ки соҳиби ин шиноснома худаш ҳуҷҷати шаҳрвандиашро гум кардааст ё онро дуздида буданд. Аммо гурӯҳҳои ифротгаро дар Русия аз беҳуқуқии шаҳрвандони тоҷик огаҳ ҳастанд ва медонанд, ки мақомоти ҳар ду кишвар барои ошкор кардани чунин як ҷинояте ҳеҷ иқдоми ҷиддие рӯи даст намегиранд.
Ба ин хотир онҳо ҳатто барои ширкат дар ҷангҳои Сурия кӯшиш мекунанд, ки аз шиносномаҳои шаҳрвандони Тоҷикистон истифода кунанд. Аз тарафи дигар, дар Сурия ширкати шаҳрвандони тоҷик дар ин низоъ муҳим дониста мешавад ва шояд барои русҳо низ муаррифии худ ба унвони шаҳрванди Тоҷикистон ҷолибтар бошад".
Зимнан, бори аввал нест, ки дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон зимни амалҳои террористӣ ва ифротгароӣ ҷинояткорон аз шиносномаҳои шаҳрвандони Тоҷикистон истифода мекунанд. Дар тирамоҳи соли гузашта зимни ҳамла ба сафорати Чин дар Қирғизистон низ аз ҷасади як маргталабе, ки аз вай ба унвони ҷонибдори “Давлати исломӣ” ном бурда шуда буд, шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон пайдо карданд.
Ошкоршавии бастаи шиносномаҳо дар макони ҷангӣ
Гузашта аз ин, нирӯҳои низомии Ироқ дар ҷараёни озодсозии шаҳри Талъафар аз ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар тобистони соли ҷорӣ садҳо санад, аз ҷумла шиносномаҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро пайдо кардаанд.
Тибқи иттилои мақомоти интизомии Тоҷикистон дар моҳи январи соли ҷорӣ сохторҳои интизомии Украина як ҷавони тоҷикро ба гумони узвият дар гурӯҳи “Давлати исломӣ” боздошт кардаанд, ки исмаш Далер Наҷмиддинов мебошад. Аммо ӯ дар Украина бо шиносномаи узви дигари ДИИШ Бахтиёр Сатторов дастгир шудааст.
Ба иттилои манбаъ, Бахтиёр Сатторов, сокини 35-солаи Фархор, соли 2014 ба сафи гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайваста ва тобистони соли гузашта дар як ҳамлаи маргталабона дар Сурия кушта шудааст. Аммо баъди бозпурсии аввалия ин фард гуфтааст, Далер Наҷмиддинов аст ва ҳангоми бозгашт аз Сурия шиносномаи Бахтиёр Сатторовро дар ивази 300 евро аз гумоштаҳои ДИИШ дар Туркия харидааст.
Зимнан, мақомоти тоҷик теъдоди умумии шаҳрвандони тоҷик дар сафи гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Ироқу Сурияро беш аз як ҳазор нафар унвон мекунанд.