Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ 3 тан аз наздикони Ҳалимовро аз 7 то 18 солӣ ба зиндон маҳкум кард


Додгоҳи вилояти Хатлон се тан аз аз наздикони Гулмурод Ҳалимов, полковники фирории тоҷикро, ки моҳи июли соли ҷорӣ дар пайи як задухӯрд бо мақомоти қудратӣ дар ноҳияи Восеъ боздошт шуда буданд, мутаносибан аз 7 то 18 солӣ ба зиндон маҳкум кард.

Як манбаъ дар Додгоҳи вилояти Хатлон рӯзи 30-юми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки қарори додгоҳ дар ин бора ҳафтаи гузашта содир шуд ва то ба ҳол ба ҳукми иҷро надаромадааст. Ин манбаъ афзуд, ки наздикони Гулмурод Ҳалимов ҳаққ доранд, ки то чанд рӯзи дигар аз болои қарори додгоҳ ба зинаҳои болоӣ, шикоят баранд.

Мақомоти тафтишотӣ қаблан гуфта буданд, ки Гулмурод Ҳалимов пас аз пайвастан ба сафи ДИИШ бо бародараш Назир Ҳалимов бо роҳи гуногун тамос доштааст, вале ин тамосҳоро ӯ аз мақомот пинҳон мекард.

Додситонии кулли Тоҷикистон дар оғози моҳи сентябр тафтиши парвандаи хешовандони Гулмурод Ҳалимовро ба анҷом расонида буд. Ин афрод барои кӯшиши фирор ба Афғонистон бо ҳадафи пайвастан ба сафи гурӯҳи “Давлати исломӣ” муттаҳам мешуданд. Ин парванда аз ҷониби як гурӯҳи махсуси Додситонии кулл тафтиш шуда буд ва беш аз як моҳ идома кард.

Аъзои хонаводаи Ҳалимов рӯзи 4-уми июл дар ҳудуди ноҳияи Восеъ боздошт шуданд. Алӣ Ҳалимов - бародарзода, Комил ва Назир Ҳалимовҳо - бародарони Гулмурод Ҳалимов бо се моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, “зархаридӣ”, яъне талоши пайвастан ба гурӯҳи террористӣ, қасди “ғайриқонунӣ убур кардани марзи давлатӣ” ва “муқобилият ба корманди милитсия ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ”, айбдор мешаванд. Ин се нафар дар ҳоле боздошт шуданд, ки ба гуфтаи мақомот, бо чаҳор тан аз наздикони дигари Гулмурод Ҳалимов қасд доштанд, ба Афғонистон бираванд.

Гӯрҳои наздикони Гулмурод Ҳалимов дар Дараи Фонӣ.
Гӯрҳои наздикони Гулмурод Ҳалимов дар Дараи Фонӣ.

Мақомот мегӯянд, дар пайи муқобилият бо пулис чаҳор нафари онҳо -Султонмурод Ҳалимов, Фозил Ҳалимов – бародарони Гулмурод Ҳалимов ва Афзал Абдурашидов - бародарзодаи Ҳалимов (фарзанди Хурсанд Ҳалимов) ва Наим Раҳмонов - додарарӯси Саидмурод Ҳалимов кушта шудаанд. Анвар Ҳусейнов, корманди Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар ин амалиёт захмӣ шуда буд.

Дар оғози моҳи сентябр як манбаи огоҳ аз қазия ба шарти набурдани номаш гуфта буд, зимни тафтиш маълум шуд, ки Гулмурод Ҳалимов пас аз пайвастан ба сафи ДИИШ бо бародараш Назир Ҳалимов бо роҳи гуногун тамос доштааст, вале ин тамосҳоро ӯ аз мақомот пинҳон мекард. Ба гуфтаи манбаъ, пас аз боздошти Беҳрӯзи Гулмурод, писари Ҳалимов дар моҳи апрели соли равон, мақомот ба Назир Ҳалимов шубҳа кард. Ӯ тамосҳояшро бо Гулмурод Ҳалимов тариқи Наим Раҳмонов, додарарӯси Ҳалимов, ба роҳ монда будааст.

“Бо ин ду нафар, шахсе, ки худро Гулмурод Ҳалимов муаррифӣ мекард, тариқи шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ сӯҳбати катбӣ мекард. Ба Назир Ҳалимов нигоҳубини хонаводаашро таъкид карда ва мегуфтааст, ки вақте ӯ супориш дод, аҳли оилаашро ба “вилояти Хуросон” (ҷангҷӯёни ДИИШ Афғонистонро чунин ном мебаранд) интиқол диҳанд. Дар як соли ахир ӯ паёми видеоӣ намефиристод, аз ин рӯ, барои мақомот мушкил буд, ки муайян кунанд, аз он тараф дақиқан Ҳалимов сӯҳбат мекунад ё каси дигаре бо супориши ӯ”, - гуфт ин ҳамсӯҳбати мо.

Гулмурод Ҳалимов
Гулмурод Ҳалимов

Эълони ҳукми хешони Ҳалимов дар ҳолест, ки 8-уми сентябр Вазорати дифои Русия хабар дод, бар асари ҳамлаи ҳавопаймоҳои ҷангӣ дар минтақаи Дайр-уз-Зур Гулмурод Ҳалимов “ҷароҳати маргбор” бардоштааст.

Аз замони тарки Тоҷикистон кардаву пайвастанаш ба ДИИШ Ҳалимов мавриди пайгарди мақомоти тоҷик буд ва дар як изҳороти ҳукумати ИМА ҳам ин шахс ба унвони як гумонбари хатарнок мавриди ҷустуҷӯ қарор дошт. Ҳукумати Амрико барои иттилоъ дар бораи маҳалли будубоши ӯ 3 миллион доллар ваъда кард, вале зоҳиран ин ҷустуҷӯ ҳам натиҷа надод.

Дар як ҳодисаи соли 2016, ҳамсари дуюми Ҳалимов бо 4 фарзанд ба назди ӯ ба Сурия рафту дигар бо хешовандонаш дар Тоҷикистон дар тамос нашуд.

XS
SM
MD
LG