Ин дар ҳолест, ки ин ширкат ҳануз ҷаҳор моҳ қабл қимати роҳкиро бо баҳонаи афзоиши маводи сухт афзоиш дода буд. Маркази матбуотии миркати «ТоҷикЭйр» мегуяд, феълан чиптаи навъи эконом-класси хатсайри Душанбе-Маскав аз 409 доллар ба 453 доллар баробар шудааст.
Ҳамзамон, ба нақли ӯ, қимати чиптаи хатсайри Душанбе-СанктПтербург аз 463 ба 481 доллар ва қимати чиптаи хатсайри Душанбе-Екатеринбург аз 391 доллар ба 434 доллар афзоиш ёфтааст. Ва аммо арзиши чиптаҳои бозгашт аз Русия ба Душанбе тағйир наёфта, ҳамоно бо қимати пешинаашон боқӣ мондаанд.
Ба гуфтаи Назира Давлатова, сухангӯи «ТоҷикЭйр», сабаби афзоиши қимати чиптаҳои парвоз ба Русия аз сӯи ин ширкат афзоиши теъдоди мусофирон дар фасли баҳор будааст. Аммо коршиносон мегӯянд, дар ду соли ахир ширкати «ТоҷикЭйр», бо баҳонаҳои тағйир ёфтани қурби доллари амрикоӣ ва афзоиши қимати маводи сухту гузаштан ба тартиби муомилот бо пули Аврупо – евро, чандин бор нархи чиптаҳои ҳавопайморо гарон кардааст.
Агар дар баҳори соли пеш нархи чиптаи қиматтарини Душанбе-Маскав 270 доллар буд, ҳамакнун дар дӯконҳои чиптафурӯшии «ТоҷикЭйр» қимати он як баробар афзуда, ба 453 доллар расидааст.