Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси "ҳавопаймоии" Маскаву Душанбе


TajikAir мегӯяд, иҷозаи фуруд наёфтани ҳавопаймоҳои Тоҷикистон дар фурудгоҳи Маскав 30 000 доллар зарар ворид кардааст.

Масуълини «Тоҷикэйр» чунин иқдоми ҷониби Русияро нақзи ҳуқуқи мусофирон арзёбӣ мекунад. Мақомоти Русия вақте дар парвозҳои ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон маҳдудият эҷод карданд, ки қабл аз он ширкати ҳавопаймои Тоҷикистон парвози як ҳавопаймоии ширкати Сибири Русияро ба муддати ҳашт соат мутаваққиф кард.

Бо вуҷуди он, ки мақомоти марбутаи Русия гуфтаанд, дар марвиди муваққатан қатъ кардани парвозҳои ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷикэйр» ба шаҳрҳои он кишвар тасмим гирифтаанд, аммо ин парвозҳо то кунун ба сурати муқаррарӣ идома доранд. Бархе аз манобеъ дар ширкати «Тоҷикэйр» гуфтанд, музокирот бар сари ин қазия идома дорад ва ҷонибҳо ба тавофуқ расидаанд, ки ба шарти муваққатан то анҷоми музокирот аз талаби парохти 15 доллар сари ҳар мусофир сарфи назар кардани ҷониби Тоҷикистон парвозҳои «Тоҷикэйр» ба Русия мумкин шудааст.

Ин қазия замоне шиддат касб кард, ки шикати ҳавопаймоии Тоҷикистон ба далели напардохтани боҷи 15-долларӣ аз парвози ҳавопамои ширкати Сибири Русия ҷилавгирӣ карданд. Мақомоти Русия мегуянд, ширкатҳои ҳавопаймоии он кишвар иқдоми ҷониби Тоҷикистон барои пардохтани сари мусофир 15-долларро иҷро нахоҳанд кард. Зеро, ба гуфтаи онҳо, ин чунин иқдоме мухолиф ба мавозини байнулмилалӣ аст. Темур Ҳикматов, сухангуи вазорати нақлиёти Русия, дар ин марвид гуфт, дар соли гузашта ҳукумати Тоҷикистон қароре қабул кард, ки тибқи он ширкатҳои ҳавопаймоии Русия дар масриҳое, ки ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон парвоз анҷом намедиҳанд, сари ҳар мусофир бояд 15 доллар ба буҷаи ҳукумати Тоҷикистон пардохт бикунанд.

Вай афзуд, ширкатҳои русӣ ин қарорро қабул надоранд ва ба он эътироз карданд, аммо то кунун ин қарор ҳамчунон боқист. Ва ахиран ба дунболи таваққуфи 8-соатаи як парвози ширкати «Сибирэйр» ин қазия шиддат гирифт. Ва мо ба дунболи он тасмим гирифтем, ки парвозҳои ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистонро ба Русия то замоне, ки ҳукумати Тоҷикистон ин қарори муғойир бо мавозини ҳавопаймоии байналмилалиро лағв накунад, мутаваққиф хоҳем кард.

Назира Давлатова, сухангуи ширкати «Тоҷикэйр», дар ин марвид иброз дошт, ки «мо аз ҷониби худ дар ин қазия ҳеҷ гуна нақзи муқаррароти байнулмилалиро намебинем. Мо бар асоси қарордоди байнал милалии миёни Русия ва Тоҷикистон дар мавриди ҳамлу нақли ҳавоӣ амал мекунем ва дар он қарордод ба ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон иҷозаи парвоз ба чаҳор фурудгоҳи Русия дода шудааст. Гап сари ин аст, ки аз парвозҳои анҷоммешуда ба ин фурудгоҳҳо, ки ширкатҳои тоҷикӣ низ ҳаққи парвоз доранд, боҷи 15- долларӣ ситонида намешавад, аммо аз парвози ширкатҳои русӣ дар масирҳое, ки ширкатҳои мо парвоз намекунанд, чунин боҷе ситонида мешавад».

Ба гуфтаи сухангуи ширкати «Тоҷикэйр», ҷониби Тоҷикистон дар парвозҳои ширкатҳои русӣ то кунун маҳдудияти хос ҷорӣ накардааст. Ва мутавақиф кардани парвози ширкати «Сибирэйр» ба гуфтаи мақомоти «Тоҷикэйр» ба далели қарздории беш аз ҳади ин ширкат будааст. Ба ҳамин тартиб баҳси ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ва Русия идома дорад ва сухангуи ширкати «Тоҷикэйр» мегуяд, музокироти ду ҷониб бар асри ин масъала низ дар ҷараён аст ва интизор меравад то ду ҳафтаи дигар ҷонибҳо ба тавофуқе дар ин замина даст ёбанд.

Ин баҳсҳо дар ҳоле шиддат мегирад, ки гуфта мешавад ширкати «Сомонэйр» - дувумин ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон, ки ширкати хусусӣ низ мебошад, бо харидории як ҳавопаймои «Боинг» иҷозаи парвоз дар масири Душанбе Макавро дарёфт кардааст. То ҳоли ҳозир «Тоҷикаэйр» танҳо ширкати Тоҷикистон буд, ки дар ихзтиёр ҳавопаймо дошт ва парвоз анҷом медод. Ба гуфтаи бархе коршиносон пеш омадани чунин баҳсҳо ба оғози фаъолияти ширкати «Сомонэйр» низ то ҷое робита мегирад.

XS
SM
MD
LG