Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«СомонЭйр» омодаи парвоз аст


Ширкати «СомонЭйр» ягона ширкати хусусии ҳавопаймоии Тоҷикистон аст, ки аз моҳи феврали соли равон ба фаъолияти худ оғоз хоҳад кард.

Ширкати мазкур тасмим гирифтааст, ки аз аввали моҳи оянда ба шаҳрҳои Истанбул, Маскав, Дубай, Алмаато ва Урумчӣ парвозҳо анҷом диҳад. Бад-ин манзур ин ширкат як ҳавопаймои «Боинг-738»-ро харидорӣ кардааст.

Ширкати «СомонЭйр» дар ҳоле аз оғози парвозҳои худ эълом мекунад, ки ширкати давлатии «Тоҷикэйр» дар вазъияти нохуби иқтисодӣ қарор дошта, аксари ҳавопаймоҳои он ба далели фарсудагӣ ҳаққи парвозро аз даст медиҳанд. Тибқи иттиллоъи масъулони ширкати хусусии «СомонЭйр», нахустин парвозҳои ин ширкат дар оғози моҳи феврали соли равон шурӯъ хоҳад шуд.

Мирзо Мастонгулов, раиси ширкати мазкур, дар як тамоси телефонӣ бо радиои Озодӣ таъйид кард, ки парвозҳои ҳавопаймои онҳо ба шаҳрҳои Истанбули Туркия, Маскави Русия, Алмаатои Қазоқистон, Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ва Урумчии Чин сурат хоҳад гирифт. Оқои Мастонгулов гуфт, қарор аст, ҳар ҳафта ҳавопаймои «СомонЭйр» то 10 парвоз анҷом бидиҳад.

Раиси ширкати хусусии ҳавоии «СомонЭйр» афзуд, ин ширкат дар асоси як созишнома аз Туркия як адад ҳавопаймои «Боинг-737-800»-ро ба тариқи иҷора харидорӣ кардааст. Ҳамин манбаъ изофа кард, ки ин ҳавопаймо дар панч соли қабл тавлид шудааст ва бар пояи меъёрҳои байнулмилалӣ то андозае нав ба ҳисоб меравад. Оқои Мастонгулов изҳор дошт, ки дар марҳилаи феълӣ баҳои билетҳо барои парвозҳои ин ширкат мушобеҳи қиматҳои ширкатҳои дигаре хоҳад буд, ки ба интиқоли мусофирон дар Тоҷикистон машғул ҳастанд.

Ширкати хусусии ҳавоии «СомонЭйр» дар ҳоле аз оғози фаъолияти худ дар қаламрави Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва кишварҳои хориҷ аз он хабар медиҳад, ки масъулони ширкати давлатии ҳавонавардии «ТоҷикЭйр» аз мавҷудияти мушкилот миёни ин муассиса ва ширкатҳои ҳавоии Русия, Узбакистон ва Туркманистон шикоят мекунанд. Дар нишасти ахири матбуотии худ раиси ширкати ҳавоии «ТоҷикЭйр» гуфтааст, ки ҷониби Русия барои парвози бештари ҳавопаймоҳои ин ширкат ба шаҳрҳои ин кишвар иҷоза намедиҳад.

Аз сӯи дигар ба гуфтаи коршиносон ширкати ҳавоии Тоҷикистон «ТоҷикЭйр» ба мушкилоти ҷиддии иқтисодӣ, аз ҷумла камбуди ҳавопаймоҳои ҷадид мувоҷеҳ шудааст. Сеюмин ҳавопаймои навъи «Боинг-757», ки ин ширкат ба иҷора гирифтааст, имкони парвоз ба хориҷи дурро надоштааст. Зеро ҳавопаймоҳои харидорикардаи «Тоҷикэйр» фарсуда буда ва ҳаракати чунин ҳавопаймоҳо ба кишварҳои аврупоӣ мамнӯъ эълом шудааст.

Дар ҳоли ҳозир ба Тоҷикистон ҳудуди 20 ширкати хориҷӣ парвозҳо анҷом медиҳанд ва саҳми «ТоҷикЭйр» дар бозори мусофиркашонӣ ба хориҷ аз кишвар камтар аз 50 дар сад будааст.

Ширкати «СомонЭйр» дар се соли қабл ташкил шуда раёсати онро Мирзо Мастонгулов - раиси пешини ширкати давлатии «ТоҷикЭйр», бар ӯҳда дорад. Соли гузашта дар ҷараёни боздиди раисҷумҳурии Тоҷикистон аз Эрон, тавофуқ шуда буд, ки «СомонЭйр» бо бузургтарин ширкати хусусии ҳавоии Эрон «МаҳамЭйр» як ширкати муштарак таъсис хоҳанд дод. Вале ба далоили номаълум ин амр иҷро нашудааст.

XS
SM
MD
LG