Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"ТоҷикЭйр" ба евро гузашт ва нархро боло бурд


Ширкати давлатии ҳавопаймоии «ТоҷикЭйр» қимати чиптаҳои Душанбе-Маскавро бо фарорасии фасли сармо афзоиш дод ва муомилоташро бо евро ба роҳ монд.

Маркази матбуоти Ширкати «ТоҷикЭйр» хабар дод, феълан, чиптаи навъи эконом-класси хатсайри Душанбе- Маскав 301 доллар (то кунун 294 доллар буд) ва навъи бизнес-класс ба 421 доллар (қаблан, 412 доллар) баробар шудааст.

Маркази матбуоти Ширкати давлатии «ТоҷикЭйр» ҳамчунин хабар дод, арзиши билетҳои бозгашт аз Маскав ба Душанбе низ тағйир ёфтааст. Қимати намуди эконом-класси он 23 доллар афзуда, аз 359 ба 382 доллар расидааст. Вале қимати навъи бизнес-класс тағйир наёфта ҳамоно 536 доллар боқӣ мондааст.

Ҳамчунин, «ТоҷикЭйр» тарифҳои вижаеро ҷорӣ кардааст, ки харидорон ҳангоми пешакӣ азми сафар кардан ба Русия бо қиматҳои гуногун чиптаҳоро дарёфт мекунанд. Масалан, агар харидор хоҳад, 60 рӯз қабл аз парвоз билет дарёфт кунад, бо арзиши 219 доллар метавонад харад. Ва ё агар як моҳ қабл харидорӣ кардан хоҳад, билети навъи эконом-класс 242 доллар арзиш мегирад.

«ТоҷикЭйр» сабаби баланд шудани қимати чиптаи парвоз ба Русияро ба гарон шудани қимати маводи сӯхт марбут медонад, ки таи се - чаҳор моҳи ахир 1,5 баробар афзудааст.

Инчунин, ба гароншавии қимати чиптаҳо пулди евро боис шудааст. Мувофиқи ин тартиб, «ТоҷикЭйр» акнун аз мизоҷонаш ҳангоми фурӯши билетҳо ба ҷои доллари амрикоӣ, еврои аврупоӣ талаб мекунад.

Аммо коршиносон мегӯянд, ки дар соли равон бори аввал нест, ки нархи чиптаҳои ҳавопаймо баланд шудаанд. Ширкати «ТоҷикЭйр» соли равон чандин маротиба нархи хатсайри Душанбе- Маскавро гарон кардааст. Агар дар ибтидои соли равон нархи чиптаи қиматтарини Душанбе- Маскав 270 доллар буд, ҳамакнун дар дӯконҳои чиптафурӯшии «ТоҷикЭйр» қимати он ба 421 доллар расидааст.

XS
SM
MD
LG