Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"ТоҷикЭйр" шикоятҳо дорад


«ТоҷикЭйр» мегӯяд, барои густариши ҷуғрофиёи парвозҳои Тоҷикистон ба хориҷи кишвар, ширкатҳои ҳавопаймоии Русия мушкил эҷод мекунанд.

Масъулини ин ширкат дар ҷамъи хабарнигорон таъкид карданд, ки «ТоҷикЭйр» майдони ҳавопаймоии кишварро монополия накардааст ва ҳар ширкате, ки мехоҳад, метавонад ба самтҳои гуногун парвоз анҷом диҳад. Аммо на ба ин шарт, ки бозори «ТоҷикЭйр»-ро маҳдуд бикунад.

Ширкати ҳавопаймоии «ТоҷикЭйр»-ро адами робитаи ҳавоӣ бо Узбакистон мутаассиф кардааст. Ҳокимшо Тиллоев, раиси ин ширкат, бо таъкид ба ин нукта дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, «ТоҷикЭйр» тайи чанд соли ахир бо мақомоти Узбакистон дар масъалаи ифтитоҳи хатти сайри Душанбе-Тошканд гуфтушунид мекунад, аммо барои расидан ба ин ҳадаф, муносиботи сиёсии ду кишвар халал мерасонидаанд:

«Байни мову ҳукумати авиатсионии Узбакистон то ҳол масъалаи интиқоли мусофирон ҳал нашудааст, намедонам то куҷо аз вуҷуди ин проблема дар Узбакистон мутаассифанд, аммо мо афсӯс мехӯрем. Сабабаш ин аст, ки «боду ҳаво»-и сиёсӣ ба ин робитаи иқтисодии мо зарари молӣ мерасонад, мо ҳеҷ ба ҳамдигарфаҳмӣ намерасем. Сад дар сад агар хатти сайри Душанбе-Тошканд ифтитоҳ ёбад, ин ба манфиати Узбакистон хоҳад буд, чунки мусофирони тоҷик, ки имрӯзҳо аз роҳи Маскав ба хориҷа сафар мекунанд, тариқи Тошканд метавонанд бираванд, ва ин бозорро узбакҳо метавонанд, «аз худ» кунанд».

Раиси «ТоҷикЭйр» бар ин назар аст, ки дар сурати лағви низоми раводид миёни Тоҷикистону Узбакистон, ифтитоҳи хатсайри Душанбе-Тошканд мумкин хоҳад буд, зеро имрӯзҳо мушкили раводид барои анҷоми ҳар гуна сафар ба Узбакистон барои шаҳрвардони ҳарду кишвар мавонеъи сершумор эҷод кардааст.

Танҳо ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон ҳамчунин хостори боз кардани хатти сайри Душанбе-Ишқобод-Теҳрон шудааст, аммо ҷониби Туркманистон аз ин пешниҳоди «ТоҷикЭйр» истиқбол накардааст. Гузашта аз ин, «ТоҷикЭйр» мушкили дигар ҳам ба сар доштааст, ба қавли Ҳокимшо Тиллоев, дар ҳалли он дасти кӯтаҳ дорад:

«Мо ҳоло метавонем панҷ ҳавопаймои дигар иҷора бигирем, аммо мушкил ин аст, ки куҷо парвоз кунем?! Ба самти Русия?! Ҳамон созишномае, ки соли 1997 ҷаноби Мастонгулов (раиси пешини КВД «Тоҷикистон» - РО) бо мақомоти Русия имзо кардааст, монеъи кори мо шудааст. Он ҷо навишта шудааст, ки «ТоҷикЭйр» танҳо ба 4 шаҳри Русия метавонад парвоз кунад, аммо тибқи ин қарордод, аз 100 фурудгоҳи Русия иҷоза ҳаст ба 4 фурудгоҳи Тоҷикистон парвозҳо анҷом гиранд. Мо ду маротиб бо ҳукумати авиатсионии Русия мулоқот доштем, масъалагузорӣ кардем, ки чаро дар парвозҳои байни кишварҳо ҳуқуқи баробар надорем, аммо онҳо намехоҳанд шартномаи қаблиро тағйир диҳанд, мегӯянд барояшон манфиатовар нест. Охир ин дискриминатсия, нақзи ҳуқуқ аст, дар дипломатияи байналмилалӣ давлат хурду бузург намешавад…»

Ва аммо таҳлилгарони маҳаллӣ сабаби нокомиҳои «ТоҷикЭйр» дар муносибот бо ширкатҳои ҳавопаймоҳои мамолики ҳамсояро дар ғайрикасбӣ будани масъулони он ва ҳам набуди ҳавопаймоҳои муосиру бехатар медонанд. Коршиноси мустақил Маҳдии Собир:

«Бояд раҳбарияти Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа муносиботи хуб ба роҳ монад, «забон» ёбад. Мо ҳатто роҳи заминӣ надорем бо Узбакистон, мушкили раводид сокинони ду кишварро хаста кардааст. Масъалаи дигар ин аст, ки фанноварии «ТоҷикЭйр» бисёр солхӯрдаву фарсуда ва дар ҳоли садамавӣ қарор дорад. Имкони дар хатсайрҳои байналмилалӣ истифода кардани ҳавопаймоҳои ин ширкат дигар нест, хатарзо аст. Табиист, кишварҳои мутараққӣ намехоҳанд ҷони шаҳрвандони худро дар хатар гузошта, ба қабули ҳавопаймоҳои Тоҷикистон иҷоза диҳанд».

Ва аммо «ТоҷикЭйр» мегӯяд, барои рушди муносибот бо ширкатҳои ҳавонавардии кишварҳои хориҷа талошҳо дорад ва дар ин иртибот натоиҷи аввалия низ ҳосил шудааст: як ширкати фаронсавӣ ваъда кардааст, бо масрафи 17 миллион Евро, дар фурудгоҳи Душанбе як терминоли ҷадид бунёд кунад, дар соли ҷорӣ парвози ҳавопаймоҳои боркаш миёни Тоҷикистону Узбакистон шурӯъ шуданд ва тасмим дорад имсол ҷуғрофиёи парвозҳоро низ то Урупо густариш бидиҳад.

XS
SM
MD
LG