Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рейтинги FIFA: Тоҷикистон – 143-юм


FIFA – Федеросиюни байнулмилалии футбол феҳрист ё рейтинги навини тимҳои миллии кишварҳои ҷаҳонро нашр кард.

Тоҷикистон дар ин феҳрист боз як зина поинтар - ба радифи 143-юм фуромад ва алҳол миёни 45 дастаи мунтахаби қорраи Осиё дар мақоми 25-ум қарор гирифтааст. Тоҷикистон байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбакистон (70-ум), Қазоқистон (105-ум), Қирғизистон (127-ум) ва Туркманистон (136-ум) ҷойгир шудааст.

Зимнан, миёни 15 кишвари собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ низ Тоҷикистон дар зинаи охирин қарор дорад. Русия миёни ин кишварҳо дар ҷойи аввал ва дар феҳристи ҷаҳонӣ дар радифи 21-ум ҷойгир шудааст. Укроин дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ дуввум ва дар ҷаҳон 32-юм мебошад. Мавқеъи дигар дастаҳои миллии кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ дар «феҳристи худӣ» ва мутаносибан феҳристи FIFA чунин аст: 3. Молдова (51). 4. Литва (55). 5. Беларус (61). 6. Узбакистон (70). 7. Латвия (73). 8. Гурҷистон (76). 9. Арманистон (83). 10. Қазоқистон (105). 11. Озарбойҷон (119). 12. Қирғизистон (127). 13. Эстония (129). 14. Туркманистон (136). 15. Тоҷикистон (143).

Дар садри феҳристи FIFA дастаи миллии Аргентина қарор гирифтааст. Бразил дар ҷои дуввум ва Итолиё, қаҳрамони феълии ҷаҳон, дар ҷойи севум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Испониё, Олмон, Ҷумҳурии Чех, Фаронса, Португол, Ҳуланд ва Юнон ҷойгир шудаанд.

Дар ҳамин ҳол даҳ тими беҳтарини Осиё инҳоанд: Ҷопон (36), Австралия (38), Эрон (41), Куриёи Ҷанубӣ (47), Арабистони Саъудӣ (50), Ироқ (68), Узбакистон (70), Чин (80), Баҳрайн (82) ва Уммон (86).

XS
SM
MD
LG