Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ: сабаби таркиш маълум нест


Бинои тахрибшуда, 7 декабри 2007
Бинои тахрибшуда, 7 декабри 2007

Додситонии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар мавриди сабаби таркиш дар яке аз биноҳои истиқоматии ноҳияи марказии пойтахт ҳанӯз ба хулосае нарасидааст.

Ва ин ки бархе аз хабаргузориҳо сабаби онро таркиши лулаи газ нишон доданд, асосе надорад, зеро сокинони бинои тахрибшуда мегуянд, то ба имрӯз «Тоҷикгаз» ба хонаи онҳо газ интиқол надодааст, ки он ба таркиш боис шуда бошад.

Аз ин рӯ ҳанӯз равшан нест, ки сабаби аслии таркиш чӣ буд, вале ҳаҷм ва нерӯи таркиш хеле қавӣ будааст ва баъзе аз шоҳидон гуфтанд, шояд маводи мунфаҷира бошад. Олимахон Нурматова, як сокини ҳамин бино, гуфт, вақте инфиҷор рух дод, ҳамроҳ бо кудакаш дар хона буд ва аз садои баланди таркиш чӣ тавр ба берун баромаданашро намедонад.

Иқтидори таркиш хеле баланд будааст, ки аз зарбаи он биноҳои наздик хисорот дида, тирезаҳои онҳо пора шудааст. Қаблан бархе сарчашмаҳо иттилоъ доданд, ки дар натиҷаи инфиҷор ду нафар кушта ва чанд нафар ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд. Аммо Рамазон Раҳмонов, роҳбари шӯъбаи ҳолатҳои изтирории ноҳияи Фирдавсии пойтахт, ки дар маҳали ҳодиса ҳузур дошт, гуфт, дар натиҷаи ин инфиҷор 6 нафар ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд ва онҳо ба беморхонаи марказии шаҳри Душанбе интиқол дода шудаанд.

Роҳбари шӯъбаи ҳолатҳои изтирории ноҳияи Фирдавсӣ дар мавриди талафоти ҷонӣ ӯ иттилоъе надод. Вай гуфт, талафоти молии ин ҳодиса ҳануз маълум нест, вале тахмин мешавад, ки аз ним миллион доллари амрикоӣ бештар аст.

Феълан дар назди ин бинои истиқомати нерӯҳои полис, кормандони вазоратҳои амният ва умури дохила маҳалли таркишро муҳосира кардаанд ва талош доранд асли ҳодисаро таҳқиқ кунанд.

XS
SM
MD
LG