Аз вуқӯъи инфиҷор дар назди сохтмони Кохи Ваҳдат ва кушта шудани фаррош Иброҳим Исмоилов аҳли хонаводаи марҳум пас аз як соат огаҳ шудаанд. Ба гуфтаи Исмоил Исмоилов, фарзанди мӯйсафеди кушташуда, кормандони мақомоти интизомӣ онҳоро даъват кардаанд ва дар робита ба ҳодиса ва марги падараш мавриди бозпурсӣ қарор додаанд. Вай гуфт, падараш як шахси оддӣ ва оромтабиат буда, тайи 8 соли ахир дар бинои Кохи Ваҳдат ба фаррошӣ машғул будааст ва имрӯз рӯзи аввали кории ӯ пас аз рухсатӣ будааст.
Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, фарроши Кохи Ваҳдат, мӯйсафеди 77 сола Иброҳим Исмоилов, ҳангоми поккории атрофи ин бино бастаи номаълумеро ба даст гирифтааст, ки дар натиҷа таркиш рӯх дода ва оқои Исмоилов кушта шудааст. Пас аз таҳқиқи маҳалли инфиҷор Қурбоналӣ Муҳаббатов, додситони шаҳри Душанбе, ин ҳодисаро амалӣ террористӣ унвон кард ва гуфт, дар робита ба ин ҳодиса то шоми имрӯз бо моддаи терроризм парвандаи ҷиноӣ боз мешавад. Ба гуфтаи ӯ, ҳанӯз навъи маводи тарканда ва ҳаҷми он мушаххас нашудааст. Вай афзуд, хисороти молии инфиҷор бузург нест.
Инфиҷор дар дақиқаҳои аввали соати ҳашти субҳи 14 ноябр, дар паҳлуи Коҳи Ваҳдат, 50 метрии меҳмонхонаи Авасто ва 100 метрии сафорати Ӯзбакистон дар шаҳри Душанбе, ба вуқӯъ пайваст. Дар ҳамин ҳол мақомоти сафорати Ӯзбакистон дар Душанбе, ки инфиҷор дар 100 метрии бинои сафорат рӯх додааст, ин амалро маҳкум карда, гуфтаанд, инфиҷор ба фаъолияти сафорат ва кормандони он иртибот надорад.
Миродил Абдураззоқов, ёвари сафири Ӯзбакистон дар Тоҷикистон, гуфт, сафорат имрӯз тибқи маъмул ба кори худ идома додааст. Ба гуфтаи оқои Абдураззоқов, чунин инфиҷорҳо созмону сафоратҳои хориҷиву байналмилалӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла сафорати Ӯзбакистонро дар ҳарос нахоҳад гузошт ва онҳо ба кори худ идома хоҳанд дод.
Аммо ин дар ҳолест, ки ба дунболи инфиҷор Кохи Ваҳдат, ки марбут ба муҷтамаъи сохтмонҳои вобаста ба дастгоҳи раёсати ҷумҳур аст, то баъд аз зуҳри 14 ноябр фаъолият накард. Дар ин кох қароргоҳи ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ қарор дорад ва як маҳалли аслии баргузории нишасту ҳамоишҳои дохиливу байналмилалӣ аст. Қарор буд дар соати нӯҳи субҳи 14 ноябр дар ин кох нишасти байналмилалии масоили марбут ба ҳолатҳои изтирорӣ бо пӯштибонии САҲА баргузор мешуд.
Ин дуввумин инфиҷор дар соли ҷорӣ аст, ки дар пойтахти Тоҷикистон ба вуқӯъ мепайвандад. Инфиҷори аввал моҳи июн дар наздики сохтмони додгоҳи олии Тоҷикистон сурат гирифта буд, ки, хушбахтона, беқурбонӣ буд ва дар пай танҳо хисороти молӣ дошт. Он замон ҳам мақомоти додситонии кулли Тоҷикистон дар робита ба инфиҷор бо моддаи тероризм парвандаи ҷиноӣ боз карда, вале то ҳанӯз ҳам дастандаркорон ва миқдори маводи таркандаро эълом надоштаанд.