Сабаби ин тадоруки мақомоти интизомӣ дар он буд, ки дар наздикии Фурушгоҳи марказии шаҳр, ки ҳамагӣ дар 100 метрии Кохи раёсатҷумрҳурии Тоҷикистон қарор дорад, як бастаи шубҳаангез кашф шуд. Бо аввалин хабар садҳо корманди Вазорати умури дохилй ва Кумиати амнияти миллй ба ҷои ҳодиса омаданд ва тафтиши онро сар карданд. Ҳаракати нақлиёт дар чорроҳаи Фурушгоҳи марказй ва Театри драмаи ба номи Маяковский ва хамчунин кўчаҳои ҳамшафат қатъ гардид.
Ба амалиёт худи вазири умури дохилии Тоҷикистон Муҳаммадназар Солеҳов сарварй кард, ки президенти кишвар вайро аз Хучанд бозпас ба Душанбе фиристода буд, то вазъиятро пас аз инфиҷор дар назди Кохи ваҳдат ва кушта шудани як нафар бара сари он ўери назорат бигирад.
Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, фарроши Кохи Ваҳдат, мӯйсафеди 77 сола Иброҳим Исмоилов, ҳангоми поккории атрофи ин бино бастаи номаълумеро ба даст гирифтааст, ки дар натиҷа таркиш рух дода ва оқои Исмоилов кушта шудааст. Пас аз таҳқиқи маҳалли инфиҷор Қурбоналӣ Муҳаббатов, додситони шаҳри Душанбе, ин ҳодисаро амалӣ террористӣ унвон кард ва гуфт. Бархе аз расонаҳои ахбори оми дохилй ва хориҷӣ таркиши наздик Кохи ваҳдатро ба таҷлили иҷлосияи порлумони соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд бастагӣ доданд, ки василаи ба сари қудрат омадани давлатмардони феълии кишвар шудааст. Мақомоти давлати Тоҷикистон ҳанӯз касе ё гурӯҳеро масъули таркиши наздик Кохи ваҳдат эълон накардаанд, аммо дар бораи натиҷаҳои роҳбандон ва таҳқиқи хиёбони назди Кохи раёсатҷумҳурӣ мегӯянд, хабари хатар дурӯғин буда, дар қуттии дарёфтшуда ҳеч гуна маводи мунафаҷира мавҷуд набудааст.