Раҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо пахши як эъломия аз нерӯҳои расмиву ғайрирасмӣ ва мухолифи ҳукумати Тоҷикистон даъват кард, ки аз хушунат даст кашида, муборизаи худро дар чаҳорчӯби қонун ба роҳ монанд. Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, масъули маркази таҳлилии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ин амали террористӣ эҳтимол дорад, ба таҷлили 15-умин солгарди Иҷлосияи 16уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд рабт дошта бошад: "Дар арафаи ин сана иттифоқ афтодани амали террористӣ шояд ба он равона шуда бошад, ки баъзе доираҳо ба чунин баҳо додан ва ҷашн гирифтани ин ҳодиса розӣ нестанд ва эътирози худро ин гуна изҳор намудан мехоҳанд. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки дар кишвари мо шароити минималии изҳори ақида оиди тамоми масоили сиёсӣ ва иқтисодӣ вуҷуд дорад ва истифода аз чунин роҳҳои хушунатбор ва ҷиноятиро маҳкум мекунад,"
Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон 15 сол қабл дар шаҳри Хуҷанд, воқеъ дар шимоли Тоҷикистон, баргузор гашт, ки Эмомалии Раҳмонро ба сари қудрат овард. Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст ин санаро бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил кунад.
Мӯсо Асозода, раиси созмони шаҳрии Ҳизби халқӣ-демократӣ дар Душанбе мегӯяд, ҳадафи ин таркиш ноамн кардани вазъи кишвар аст. Вай афзуд: "Як сол пеш дар ҳамин ҷо ҳамчунин як амали террористӣ анҷом дода шуд. Худоро шукр, он вақт касе осеб надид. Ва бубинед, ки ин дафъа як шахси бегуноҳ ҷони худро аз даст дод."
Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон умдатан аз авомили дохилӣ ҳарф мезананд, аммо коршиносони мустақил бар онанд, ки таркиш дар назди Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе бештар решаҳои хориҷӣ дорад. Онҳо мегӯянд, ба эҳтимоли қавӣ инфиҷор на ба иҷлосияи Хуҷанд, балки нишастҳо ва маъракаҳои муҳими байнулмилалӣ рабт мегирад, ки дар Душанбе баргузор шуданд. Коршиносон нишасти сарони ИДМ ва конфронси Ҳамкориҳои иқтисодии Осиёи Марказиро мисол меоранд, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон хеле баланд баҳогузорӣ шуданд ва чунин андешаро ба вуҷуд оварданд, ки ин маъракаҳо ба боло рафтани нуфузи байнулмилалии Тоҷикистон мусоидат кардааст.
Қосими Бекмуҳаммад, коршинос дар умури сиёсӣ гуфт, амали террористӣ ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон рабт дошта метавонад:
"Сиёсати мустақилонаи хориҷӣ ва боз кардани даричаи наве ба сӯи кишварҳои осиёӣ, бахусус олами ислом ва Аврупову Амрико, ки метавонад, барои ояндаи Тоҷикистон дар иҷрои барномаҳои миллӣ ва бахусус тарҳҳои зербиноӣ бисёр муассир бошад, баъзе аз авомили хориҷӣ ҳассос гардидаанд."
Ва аммо тайи солҳои ахир чанд амали террористӣ, аз ҷумла ду инфиҷори назди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда рух доданд, ки баъдтар мақомот онҳоро кори дасти Ҳаракати исломии Узбакистон арзёбӣ карданд. Ва вазорати умури дохилии Тоҷикистон қаблан аз ташдиди фаъолияти гурӯҳҳои террориству тундрав дар кишвар иттилоъ дода буд. Танҳо соли равон дар ҳудуди Тоҷикистон ҳудуди 50 узви Ҳаракати исломии Узбакистон ва даҳҳо узви Ҳизбуттаҳрир боздошт ва ба маҳкама кашида шуданд.
Коршиноси дигар, Абдуғаффори Камол, мегӯяд, вогузоштани масъулияти ҳама гуна амалҳои
Яке аз таркишҳои ҷиддӣ дар моҳи июли соли равон дар назди бинои Додгоҳи Олии Тоҷикистон рух дода буд, ки то ҳол омилони он аз сӯйи мақомоти амниятии кишвар ошкор нашудааст. Коршиносон ба ошкор шудани омилони инфиҷори назди Кохи Ваҳдат низ шубҳа доранд, зеро он дар шароити мухолифатҳои дигаргунаи сиёсии дохиливу хориҷӣ ба вуқӯъ пайвастааст ва мақомоти Тоҷикистон дар зикри номи ягон кишвари хориҷӣ ё нерӯи дохилӣ истихора хоҳанд кард.