Манзили Нетаняҳу дар Қайсария, шимоли Исроил, ҷойгир аст.
Ба гузориши расонаҳо, дар замони ҳодиса Нетаняҳу дар он минтақа ҳузур надошт. Дар бораи хисорот хабаре нест.
Ин ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон баъд аз кушта шудани Яҳё Синвор, раҳбари гурӯҳи “Ҳамос”, марҳилаи нав ва сахттари ҷангро ба зидди Исроил эълон кард.
Артиши Исроил рӯзи 17-уми октябр хабар дод, ки Синвори 62-сола дар Навори Ғазза кушта шуд.
“Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон ва гурӯҳи фаластинии “Ҳамос” аз ҳимояти Эрон бархурдоранд. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳарду созмонро террористӣ медонад.