Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарбаи нерӯҳои Исроил ба як бемористон дар Ғазза


Ғазза. Акс аз 26-уми сентябри 2024
Ғазза. Акс аз 26-уми сентябри 2024

Мақомоти тандурустии Ғазза гуфтанд, ки нерӯҳои Исроил рӯзи 19-уми октябр ба як бемористони индонезӣ дар шаҳри Байт Лаҳия, дар шимоли ин борика, зарба задаанд.

Марвон Султон, мудири бемористон, гуфт, “тонкҳои исроилӣ бемористонро комилан муҳосира карда, нерӯи барқро буриданд ва тир холӣ карданд.”

Вазорати тандурустии Ғазза гуфтааст, Исроил ошёнаҳои болоии бемористонро ҳадаф қарор дод. Ҷое, ки ба иттилои манбаъ, “ба ҷуз аз кормандон ҳудуди 40 бемор ва захмӣ низ ҳузур доштанд”.

Исроил дар аввали моҳи октябри имсол бо ҳадафи маҳви гурӯҳи тундрави “Ҳамос” амалиёти нави низомиро дар шимоли Ғазза оғоз кард. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи “Ҳамос”-ро созмони террористӣ медонанд.

XS
SM
MD
LG