Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Алмато як духтари қирғиз аз баландошёнае ба замин афтодааст


Намое аз шаҳри Алмато
Намое аз шаҳри Алмато

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон тасдиқ кард, ки як шаҳрванди ин кишвар 26 июн дар шаҳри Алматои Қазоқистон ҷон бохтааст.

Қаблан як қатор расонаҳои Қазоқистон хабар дода буданд, ки як духтари 17-сола аз Қирғизистон аз тирезаи баландошёнае дар Алмато ба замин афтодааст.

Вазорат гуфтааст, ҳодиса 26 июн дар кӯчаи Сейфулини шаҳр рух дода, духтар аз ошёнаи 7-ум ба замин афтодааст. Дар натиҷа дар маҳалли ҳодиса ҷон бохтааст. Ӯ 21 майи соли равон бо наздиконаш ба Алмато рафтааст.

Манбаъ афзуда, ки консулгарии Қирғизистон дар Алмато бо ин қазия машғул буда, дар ҳоли ҳозир барои интиқоли ҷасади духтар ба ватан омодагӣ дида мешавад.

XS
SM
MD
LG