Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Эрон интихоботи президентӣ оғоз шуд

Субҳи 28-уми июн дар Ҷумҳурии исломии Эрон интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ оғоз шуд. Шӯрои нигаҳбон шаш номзадро барои рақобат дар интихобот сабти ном карда буд, аммо як рӯз қабл аз интихобот ду нафари онҳо Алиризо Зоконӣ ва Амирҳусейн Қозизода номзадии худро пас гирифтанд.

Акнун се номзади усулгаро Мустафо Пурмуҳаммадӣ, Муҳаммадбоқири Қолибоф, Сайид Ҷалилӣ ва як номзади ислоҳталаб Масъуди Пизишкиён миёни ҳам рақобат мекунанд.

Маълум нест, ки чӣ қадар аз интихобкунандагон барои раъйдиҳӣ меоянд. Чун як қисми шаҳрвандони Эрон гуфтаанд, дар эътироз ба сиёсатҳои ҳукумати ин кишвар аз рафтан ба интихобот даст мекашанд.

Интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ дар Эрон ба дунболи марги Иброҳим Раисӣ баргузор мешавад. Раисӣ ва чанд ҳамроҳаш рӯзи 19-уми май дар садамаи чархбол ба ҳалокат расиданд.

Субҳи 28-уми июн дар Ҷумҳурии исломии Эрон интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ оғоз шуд. Шӯрои нигаҳбон шаш номзадро барои рақобат дар интихобот сабти ном карда буд, аммо як рӯз қабл аз интихобот ду нафари онҳо Алиризо Зоконӣ ва Амирҳусейн Қозизода номзадии худро пас гирифтанд.

Акнун се номзади усулгаро Мустафо Пурмуҳаддӣ, Муҳаммадбоқири Қолибов, Сайиди Ҷалилӣ ва як номзади ислоҳталаб Масъуди Пизишкиён миёни ҳам рақобат мекунанд.

XS
SM
MD
LG