Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз сиёсат ба амният. Раиси САҲА дар Тоҷикистон чӣ гуфт ва чӣ шунид?


Ян Борг, раиси даврии Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо
Ян Борг, раиси даврии Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо

Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо ба созиш расидаанд, ки ҳамкориро дар бахши амнияту мубориза бо терроризм бештар мекунанд. Баъзе аз сиёсатмадорони тоҷик мегӯянд, ин созмони байнулмилалӣ набояд таваҷҷуҳро ба кори ҳизбҳои сиёсӣ, интихобот ва озодии матбуоту эътиқод кам кунад.

Ян Борг, раиси Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), ки ба Душанбе омадааст, рӯзи 26-уми июн бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, гап зад. Чолишҳои амниятӣ, мубориза бо ҷиноятҳои кибернетикӣ (сайберӣ) ва пешгирӣ аз суистифодаи Интернет бо ҳадафи таблиғу ташвиқи тундгароӣ аз мавзуъҳои асосии суҳбат будааст.

"Инро ҳам баррасӣ кардем, ки САҲА барои идоракунии сарҳад чӣ корҳо ва чӣ ёриҳо карда метавонад. Масъалаҳои марбут ба Афғонистон ва ҳамкории минтақаиро низ баррасӣ кардем," – гуфт Ян Бор ба хабарнигорон.

Баъзе аз коршиносон бар инанд, ки таваҷҷуҳ ба масъалаҳои амниятӣ, аз ҷумла мубориза бо терроризм, барои Тоҷикистон дар вақтҳои охир муҳим шудааст.

"Аз як тараф, ҳамин намуди ҷиноятҳо, воқеан, афзудааст. Аз ҷониби дигар, дар тамоми дунё медонанд, ки минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди муборизаҳои геополитикӣ қарор гирифтааст," – шарҳ дод рӯзноманигор Раҷаби Мирзо.

Аз назари ӯ, аз ин ки Тоҷикистон вақтҳои охир вобаста ба масоили амниятиву терроризм дар сархати расонаҳо қарор дорад, кишвару созмонҳои гуногун барои маълум кардани он ки “бод аз кадом тараф мевазад” баъзе мушаххасотро шояд аз забони раҳбарияти кишвар шунидан мехоҳанд.

Ба ҳуқуқи башар чӣ хоҳад шуд?

Бархе сиёсатмадорон фаъолияти САҲА-ро дар Тоҷикистон дар солҳои охир чандон муассир намедонанд. Дар ҳоле ки ба қавли Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ин созмон масоили ҳуқуқи башар, аз ҷумла озодии баёну аҳзоби сиёсӣ ва интихоботҳоро дувумдараҷа медонад.

"Бештар ба мавзӯи амнияту сарҳаду ҳарбӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мутаваҷҷеҳ мешавад. Ин хуб аст, аммо кафолати фаъолияти ҳизбҳо ва баробарии онҳо, инчунин, интихоботи одилонаи мутобиқ ба меъёрҳои муқаррарнамудаи САҲА, новобаста аз ақидаю эътиқод дастрасӣ ба мансабҳои давлатӣ, баробарии фаъолияти фазои итилоотӣ ва рисолатҳои назоратии ҷомеаи шаҳрвандӣ камтар шудааст," -- таъкид кард Ҳакимов.

Видеоро дар инҷо бинед:

САҲА ҳамкориро бо Душанбе дар чӣ бахш бештар мекунад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:44 0:00

САҲА дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ва давраи пасонизоӣ фаъолияти густардае дошт. Равобити Тоҷикистон бо ин созмон дар соли 2016 дар пайи раҳ ёфтани мухолифони сиёсии ҳукумати Тоҷикистон ба нишасти САҲА дар Варшава ба сардӣ гароид.

Қаҳри мақомот аз он буд, ки ба шахсони, ба гуфтаи онҳо, таҳти ҷустуҷӯ ва муттаҳам ба терроризму ифротгароӣ минбар додаанд. Дар пайи ин мақоми намояндагии САҲА ба Дафтари барномаҳои он дар Душанбе пойин оварда шуд. Баёнияҳои САҲА барои ҳифзи озодии баён ва матбуот низ аз тарафи Душанбе хуш пазируфта намешаванд.

XS
SM
MD
LG