Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил бомбаборони Ғаззаро давом медиҳад


Ғазза
Ғазза

Баъди суханронии нахуствазир Бенямин Нетаняҳу дар бораи ин ки “марҳилаи тунди” ҷанг поён меёбад, рӯзи 25-уми июн Исроил бомбаборони Ғаззаро ҳамоно идома дод.

Ҳамзамон шарики Исроил – ИМА аз ин кишвар тақозо намуд, ки аз тавсеаи амалиёти низомӣ дар сарҳадаш бо Лубнон худдорӣ кунад.

Нирӯҳои исроилӣ ҳамлаҳои маргбори зиёде анҷом доданд ва дар атрофи як мактаб ва хонае дар шаҳри Ғазза 13 нафар кушта шуд.

Исроил ният дорад шуморе аз сарбозонашро дар хатти сарҳад бо Лубнон мустақар кунад. Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен рӯзи 24 июн аз вазорати дифои Исроил хост, ки пеши роҳи тавсеаи хушунатҳоро бигирад.

XS
SM
MD
LG