Шабакаи телевизионии “CBS News” рӯзи 26-уми июн бо такя ба чанд манбааш дар FBI- Дафтари федеролии таҳқиқоти Амрико гуфтааст, ки ҳеч далеле вуҷуд надорад, ки боздоштшудаҳо дар фикри “тарҳи анҷоми ҳамлаи террористӣ” дар ИМА будаанд, вале бархе аз онҳо бо афроди шубҳанок ва эҳтимолан пайравони ДОИШ тамос доштаанд.
Ҳашт зодаи Тоҷикистон 8-уми июн дар Лос-Анҷелос, Ню-Йорк ва Филаделфияи ИМА боздошт шудаанд.
Манобеи амниятии Амрико рӯзи 11-уми июн ин афродро ба иртибот бо гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" ё ДОИШ гумонбар дониста буданд, вале ҳамсуҳбатони “CBS News” гуфтаанд, ки далели қавии узвияти онҳо дар ДОИШ рӯи даст нест.
Муфаттишони FBI ба “CBS News” гуфтаанд, ки суҳбату мукотибаҳои ин афрод ва фаъолияташон дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳқиқ шудааст. Мақомоти амрикоӣ бобати пайвандҳои эҳтимолии ин афрод бо ДОИШ шубҳа кардаанд, вале дар нисбати онҳо парвандаи иттиҳоми узвият ё шомил будан ба гурӯҳҳои террористӣ боз нашудааст.
Ҳамсуҳбатони ин расона гуфтаанд, ки эҳтимол ин 8 нафар барои поймол кардани қоидаҳои будубош аз Амрико ихроҷ шаванд, вале агар онҳо далеле дар мавриди вуҷуди хатар дар ватанашон пешниҳод кунанд, имкон доранд, дархости паноҳандагӣ диҳанд.
Александр Майоркас, вазири амнияти дохилии ИМА гуфтааст, ки ҳоло қазияи онҳо барои ихроҷ аз Амрико баррасӣ мешавад.
Зодагони Тоҷикистон дар ҳоле боздошт шуданд, ки расонаҳои амрикоӣ аз эҳтимоли вуруди пайравони “Давлати исломӣ” ва аъзои созмонҳои дигари террористӣ ба ИМА ба воситаи Мексика изҳори нигаронӣ мекарданд. Аз шикофҳо дар ин марз ҳар ҳафта даҳҳо ҳазор муҳоҷир ва паноҳҷӯ вориди қаламрави Амрико мешаванд. Шумори тоҷикистониҳое, ки ахиран аз Мексика ба ИМА даромадаанд, 1500 нафар баровард мешавад.
Мақомоти Амрико омодагӣ ва назорат дар марзҳоро пас аз боздошти ҳашт зодаи Тоҷикистон сахттар кардаанд.
Ба гуфтаи мақомот, аксари боздоштшудаҳо аз роҳи ғайриқонунӣ вориди ИМА шуда, пас аз муҳлати кутоҳи нигаҳдорӣ дар боздоштгоҳ ба онҳо даъватномаи ширкат дар додгоҳ дода раҳо кардаанд. Маъмулан, бар ин асос муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар додгоҳ ҳозир мешаванд ва бояд бо далел исбот кунанд, ки аз нигоҳи сиёсӣ ё иқтисодӣ дар кишварашон имкони зистан надоштанд ва биноан ба Амрико омадаанд.
Агар онҳо далели қонеъкунанда ба додрасҳоро дошта бошанд, он гоҳ барояшон иҷозаи кор ё ҳаққи паноҳандагӣ медиҳанд. Маъмулан, муҳоҷирон моҳҳову солҳо дар Амрико интизори даъват ба додгоҳ мешаванд.
Мақомоти амрикоӣ гуфтаанд, ки ҳангоми вуруд ва тафтиши ибтидоӣ дар рафтори ҳашт зодаи Тоҷикистон ҳеч чизи шубҳаноке мушоҳида нашудааст.
Кен Вайнштейн, муовини вазири амнияти дохилии ИМА зоҳиран бо ишора ба зодагони Тоҷикистон гуфтааст, ки “мо хабар дорем, онҳое, ки дар театре дар Русия 150 нафарро куштанд, аз кадом гӯшаи ҷаҳон буданд.”
Ӯ ҳамла ба толори консертии “Крокус Ситӣ Ҳолл” дар Маскавро дар назар дорад, ки бо гумони даст доштан дар он мақомоти Русия зодагони Тоҷикистонро боздошт карданд.
Кен Вайнштейн, ки рӯзи чоршанбе дар Кумитаи мубориза бо терроризми ва амнияти дохилии Маҷлиси намояндагони Амрико ҳисобот медод, гуфт, аз истифодаи марзҳои кишвар аз ҷониби ДОИШ нигарон ҳастанд. Ӯ дар бораи ин иддао, ки гуё ҷонибдорони ДОИШ 400 муҳоҷирро вориди хоки ИМА кардаанд, гуфт, “чунин хабар ва далеле дар даст нест, ки афроди воридшуда узви гурӯҳҳои террористӣ бошанд.”
Хабар дар бораи вуруди 400 муҳоҷири пайванд бо ДОИШ-ро “CBS News” нашр карда буд. Ба навиштаи ин расона, 150 нафари онҳо боздошт шудаанд ва макони 50 нафари онҳо маълум нест.
Дар чанд соли ахир мақомоти амрикоӣ мегуфтанд, ҳеч далеле надоранд, ки пайравони ДОИШ ва гурӯҳҳои дигари террористӣ аз марзи Мексика бо ИМА талоши ворид шудан дошта бошанд.
Мавзуи истифодаи марзи Мексика бо Амрико аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ дар маъракаи интихоботи президентии ИМА, ки қарор аст, имсол баргузор шавад, аз ҷониби ҷонибдорони ду ҳизби асосӣ садо медиҳад.
Мақомоти Амрико гуфтаанд, ки назорат дар марзро пурзур кардаанд ва талош доранд, ҷилави вуруди террористон ба ИМА-ро бигиранд.
Дар пасманзари ин баҳсҳо зоҳиран шаҳрвандони Тоҷикистон зери заррабин қарор гирифтаанд. Дар гузашта, пас аз ширкати чанд зодаи Узбекистон дар ҳамлаҳои террористӣ зодагони ин кишвар низ чунин аҳвол доштанд. Мақомоти кишварҳои ғарбӣ назорати зодагони як кишваре, ки шаҳрвандони бештараш дар амалҳои террористӣ даст доранд, як чораи эҳтиётӣ медонанд.
Гуфтугӯ