Дидгоҳҳо ба сиёсати хориҷӣ, ҷанги идомаёбандаи Русия дар Украина ва дурнамои Афғонистон аз ҷумлаи мавзӯъҳое буд, ки ду номзад сари он баҳси тунде барпо карданд.
Мулоқот бидуни фишурдани дасти ҳамдигар ва бе ҳузури тамошобинон ҷараён гирифт ва ҳарду тараф мавзеи комилан мухолифи ҳамро ба ҷанг дар Украина баён карданд.
Трампи 78-сола, ки дар гузашта шеваи ҳуҷуми президенти Русия Владимир Путин ба хоки Украина дар соли 2022-ро “нобиға” ва “бисёр зирак” номида буд, гуфт, агар ИМА “президенти воқеӣ” медошт, Путин ба Украина ҳамла намекард. Трамп бо ишора ба Путин гуфт: “Ӯ медонад, ки бо ман бозӣ карда намешавад”.
Байдени 81-сола Путинро “як ҷинояткори ҷангӣ” номид ва гуфт, агар пеши роҳи Русия гирифта нашавад, Путин бо Киев иктифо намекунад.
Байден, ки дар аксар вақти баҳс садояш хашин ба гӯш мерасид, дар бораи Путин гуфт: “Ӯ ҳазорҳо нафарро куштааст”.
Аз оғози ҷанг маъмурияти Байден аз Украина ва президенташ Владимир Зеленский ҳимоят кардааст. Дар давоми беш аз ду соли ҷанг ИМА кӯмакрасони калонтарини ҳарбию молии Киев гардид, ҳарчанд бастаи ахири ёриҳо дар ҳаҷми 61 миллиард доллар бо сабаби баҳси ҷумҳурихоҳон сари боздеҳи бештар бар ивази ёриҳо шаш моҳ дер кашид.
Дар идомаи баҳс Трамп бо ёдоварӣ аз хуруҷи нирӯҳои байналмилалии таҳти раҳбарии Амрико аз Афғонистон дар августи соли 2021 Байденро масъули “шармандатарин лаҳза дар таърихи кишвари мо” номид. Ин дар ҳолест, ки худи Трамп дар мақоми раёсатҷумҳуриаш ба берункашии нирӯҳо розигӣ дода буд, вале анҷоми ин барнома чанд сол баъдаш ба давраи Байден рост омад.
Байден гуфт, вақте Трамп баъди мағлубияташ дар интихоботи ноябри соли 2020 тарки мақом кард, “ҳамаро беназму бетартиб” гузошт.
Гуфтугӯ