Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду сокини Душанбе барои паҳн кардани аксҳои "бадахлоқона" 


Аксе аз як духтари нимурён
Аксе аз як духтари нимурён

Раёсати корҳои дохилии Душанбе охири ҳафтаи гузашта ду ҷавондухтарро барои паҳн кардани “наворҳои нимурёну ғайриахлоқӣ” боздошт кардаанд.

Дар хабарномаи расмии пулиси Душанбе омадааст, ин духтарон яке 26 ва дигарӣ 24 сол доштаанд. Ҳарду сокини Душанбе будаанд. Назари ин духтари ҷавон ба ҳарфҳои мақомот маълум нест.

Дафтари матбуоти Раёсати корҳои дохилии Душанбе мегӯяд, ин духтарон барои зиёд кардани шумораи обуначиёни худ “мунтазам расм ва наворҳои нимурён ва берун аз одобу ахлоқ”-ро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кардаанд.

Мақомот мегӯянд, онҳоро дар асоси вокуниши шаҳрвандон дастгир кардаанд. Қазияи яке аз ин духтаронро ба додгоҳ фиристода, вале нагуфтаанд, ки ӯ чӣ ҷазо гирифт. Ҷавондухтари дуввумӣ ба гуфтаи мақомот аз кораш пушаймон шуда, огоҳонида шуд. Назари ин духтарон ва волидайни онҳо ба ин иттиҳом то ин дам дастрас нест.

Қонунгузории Тоҷикистон таблиғи фаҳшоро манъ кардааст, аммо маълум нест, ки ин духтаронро бар асоси кадом банди қонун ҷазо медиҳанд.

XS
SM
MD
LG