Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурби доллар дар Тоҷикистон поён рафт


Чаро қурби доллар дар Тоҷикистон поён меравад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:37 0:00

Чаро қурби доллар дар Тоҷикистон поён меравад?

Қурби расмии доллари ИМА нисбат ба сомонӣ дар як моҳи ахир якуним дарсад поин рафтааст.

Он агар як моҳ пеш 10 сомониву 90 дирам буд, ҳоло қурби як доллари амрикоӣ то 10 сомониву 74 дирам поин шудааст. Бонки миллии Тоҷикистон дар як шарҳи катбӣ барои Радиои Озодӣ ин рақамро ном бурд ва онро ба фаровонии доллар ва тақвияти рубли русӣ бастагӣ дод.

Бонки миллӣ ҳамчунин коҳиши қурби долларро як падидаи мавсимӣ номид. Аммо бархе аз иқтисодшиносон уфти долларро ба афзоиши додугирифт бо Русия ба воситаи рубл ва ҳам коҳиши нархи як бушка нафт аз 94 то 77 доллар пайванд медиҳанд. Аз назари Баҳром Шарифзода, иқтисоддони Пажуҳишгоҳи иқтисодии Тоҷикистон ин раванд барои иқтисоди Тоҷикистон пайомадҳои гуногун дорад.

"Ҳам тарафи мусбат дорад, ҳам тарафи манфӣ. Тарафи мусбаташ он аст, ки қобилияти харидории пули миллӣ зиёд мегардад. Аз назари сармоягузороне, ки ба Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунанд, ба иқтисодиёти миллӣ, паст шудани нархи доллар ба кам шудани ҳавасмандгардонии онҳо мегардад, чунки ба як доллар камтар ашё мехаранд, камтар музди меҳнат медиҳанд ва он лоиҳаҳои инвеститсионие, ки онҳо дар Тоҷикистон татбиқ мекунанд, ба онҳо камтар фоида меорад,"--гуфт ӯ.

Шарифзода мегӯяд, ки агар пойинравии арзиши доллар дарозмуддат бошад, метавонад ба камшудани сармоягузории хориҷӣ ва паст шудани рақобатпазирии молҳои ватанӣ дар бозорҳои беруна сабаб шавад.

"Ба Бонки миллӣ зарур аст, ки доим дар бозори асъори хориҷӣ бояд як мувозинати самарнокро истифода барад. Чунки аз меъёри муайяншуда баланду паст шудани қурби асъор метавонад падидаҳои манфиро афзун гардонад,"--машварат медиҳад ин иқтисоддон.

Бонки миллӣ мегӯяд, ки “қурби расмии асъори миллии аксари кишварҳои шарики асосии тиҷорат ва ҳамсоякишварҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати доллари ИМА устувор гаштанд, аз ҷумла, қурби рубли Русия 2,17 фоиз, лираи Туркия 0,54 фоиз, соми Қирғизистон 0,99 фоиз, суми Узбекистон 0,001 фоиз ва рубли Беларус 1,48 фоиз нисбат ба доллари ИМА устувор гаштанд.”

Маъмулан дар Тоҷикистон ҳар бор, ки қурби доллари ИМА боло равад, тақрибан ҳама молу маҳсулот ва хадамот гарон мешаванд. Биноан шаҳрвандон мунтазиранд, ки ҳаракати баръакс бояд сабаби коҳиши нарху наво гардад. Ба як пурсиши сарироҳии мо шаҳрвандон чунин посух доданд:

  • "Дар вақташ савдо мекардем, ҳама чиз ба доллар буд, ҳозир доллар нест, лекин нархи ҳама чиз ҳамон хел аст, ки пештар буд. Нархҳо паст нашудааст."
  • "Маъмулан то ҷое, ки ёд дорем, доллар боло равад, нархҳо боло мераванд, аммо вақте поин биёяд, нархҳо паст намешаванд."
  • "Бозор рафтаму ягон тағйрот надидам. Нархҳо мисли пеш буд. Доллар поин шуда бошад, умедворем, ки нархҳо паст мешаванд."

Бо вуҷуди он ки мақомоти Тоҷикистон вазъи асъори хориҷиро ба тақвияти пули миллӣ низ рабт медиҳанд, ба сурати умум бозори пули Тоҷикистон аз қурби рублу доллар ва юани Чин бастагии зиёд дорад.

Оҷонсии омори Тоҷикистон аввали имсол низ аз бартарии комил доштани воридот ба содирот хабар дод, ки низ ба бозори пул таъсир умда мерасонад. Вале аҳолӣ гароншавии маҳсулотро сирфан ба қурби доллар нисбат медиҳад, ҳарчанд ин хулосаи сатҳӣ аз тарафи тоҷироне паҳн ва ниҳодина шудааст, ки нархи моли худро ба хотири фоида боло мебаранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG