Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гуфтанд, пир шудӣ, дигар пул надоданд; замин бекор монд"


Чаро деҳқонони тоҷик дигар кишт намекунанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:34 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Бахше аз деҳқонон дар Тоҷикистон ба сабаби, ба гуфтаашон, "набудани шароити мусоид" ва "нагирифтани фоида" аз кори кишоварзӣ дур шуда, заминҳоро бе кишт гузоштаанд. Яке аз онҳо Саидҷаъфар Назаров аз хоҷагии Синои ноҳияи Восеъст. Ӯ мушкили молиро далел овард.

"Пештар аз "Амонатбонк" қарз гирифта, корро пеш мебурдам. Дигар пул надоданд. Гуфтанд, ту пир шудаӣ, мемирӣ, аз куҷо оварда медиҳӣ. Замин ду сол боз хобидааст. Замини пахта. Як сомонӣ наёфтам, ки кишт кунам," – нақл кард ӯ рӯзи 29-уми май.

Душвории дигар, ба гуфтаи деҳқонон, норасоии об аст, ки сол то сол амиқтар мешавад. "Се сол боз ба тарафи заминам намеравам. Чаро? Дар канал об надорем. Аз совхози Назар, аз Кӯҳнашаҳр обро мегиранд, ба мо ягон қатра намедиҳанд," – шиква кард Наистон Раҷабова аз деҳаи Камолободи Кӯлоб.

Айни мушкилро деҳқонон дар вилояти Суғд ва ноҳияҳои атрофи Душанбе низ доштаанд. Абдурозиқ Муъминов, ангурпарвар аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, мегӯяд, аз як сӯ гаронӣ ва аз тарафи дигар мушкили дастрасӣ ба об онҳоро бештар нигарон кардааст.

Фозилҷон Фатҳуллоев
Фозилҷон Фатҳуллоев

Иқтисоддон Фозилҷон Фатҳуллоев гуфт, то замоне ки ба кишоварзон имтиёз ва сабукиҳои бештар дода нашавад, ин соҳа рушд нахоҳад дошт. Вай афзуд: "Имтиёз медиҳанд, масалан, ба муддати шаш моҳ, вале ба назар намегиранд, ки фоидаи деҳқонон харҷашонро намепӯшонад. Агар имтиёзҳои бештар диҳанд, шояд нархи маҳсулот дар бозор 5-10 дарсад арзон шавад. Ҳадди ақал барои як сол имтиёз диҳанд аз ҳисоби андоз."

Баъзе аз кишоварзони тоҷик шикоят доранд, ки мақомот дар солҳои охир онҳоро барои кишти ин ё он намуди зироат маҷбур мекунанд. Дар натиҷа, ба гуфтаашон, аз маҳсули дасти худ на фоида, балки зарар мебинанд. Чунин тарзи кор ба назари коршиносон "дуруст нест" ва бояд барои кишти зироатҳо як стратегия ё дурнамои дурусту мушаххас бошад.

Омори хоҷагиҳои деҳқоние, ки дар як соли охир барҳам хурдаанд ё деҳқононе, ки аз кори кишоварзӣ даст кашидаанд, дастрас нест. Намояндагони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мавзуъро шарҳ надоданд. Раҳбарияти ин ниҳод дар нишастҳои хабарӣ бештар аз рушди кишоварзӣ ва кори хоҷагиҳои деҳқонӣ ситоиш мекунад.

Дар гузашта мақомот ба кишоварзон барои муддати кӯтоҳе баъзе имтиёзҳо дода буданд. Соли 2021 бо мақсади дастгирии кишоварзон ва таъмини бозори истеъмолӣ дар шароити пандемияи COVID-19 кишоварзон аз пардохти андози ягонаи замин танҳо барои як сол озод шуда буданд. Он замон бархе кишоварзон муҳлати ин имтиёзро кам арзёбӣ карда, таъкид намуда буданд, ки ба дастгирии бештар ниёз доранд.

Тақрибан 70 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунад, ки дар баробари муҳоҷирати корӣ, кишоварзӣ як манбаи дигари даромади онҳо ба шумор меравад. Ин соҳа дар гузашта дар таъмини рӯзгори мардум ва ҳамчунин барои ба кор фаро гирифтани сокинон нақши муассир дошт ва ба назари коршиносон зарур аст чунин шароит дубора баргардонда шавад.

Тибқи иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон наздик ба 700 ҳазор ҳектор замини кишт мавҷуд аст, ки камтар аз 500 ҳазор ҳектараш обӣ ва боқимонда лалмӣ мебошад. Ҳар сол то 3-4 ҳазор ҳектор замини нав корам мешавад.

XS
SM
MD
LG