Ҳукумати Тоҷикистон ҳар сол аз коҳиши сатҳи фақр дар кишвар хабар медиҳанд. Аммо, коршиносони мустақил иттилои расмиро зери суол мебаранд.
Зиндагии хонаводаҳои тоҷик
Розиямо, сокини 70-солаи водии Бартанг ҳамроҳ бо се набера ва ду духтари бузургсол зиндагӣ мекунад. Писари калонаш дар хориҷ аз кишвар кор ва хароҷоти хонаводаро таъмин мекунад. Розиямо худ 800 сомонӣ нафақа мегирад, ки ба гуфтаи ӯ, барои хариди орд ва маҳсулоти мавриди ниёз кофӣ нест.
"Писарам ҳар мо барои мо 10–12 ҳазор рубли русӣ мефиристад. Бо ин пул барои набераҳоям маҳсулоти ғизоӣ ва либос мехарем. Қаблан метавонистем каме пасандоз кунем, ҳоло ҳама чиз гаронтар шудааст ва даромади мо фақат барои хароҷоти харҷи рӯзмарра мерасад", - мегӯяд ин сокини водии дурдасти Бадахшон.
Ҳазорҳо хонавода дар Тоҷикистон дар чунин вазъият ҳастанд ва асосан пули муҳоҷирон онҳоро аз фақри шадид ва гуруснагӣ наҷот медиҳад. Аммо, мақомоти Тоҷикистон ҳар сол аз пирӯзии чашмгир бар фақру бенавоӣ хабар медиҳанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни ироаи паёми соли 2022 эълом дошт, ки сатҳи бебизоатӣ дар Тоҷикистон аз 27,4 дарсад дар соли 2018 ба 22,5% дар соли 2022 коҳиш ёфтааст. Бар асоси ин додаҳо, ҳудуди 80% ҷамъияти Тоҷикистон аз камбизоатӣ раҳо ёфтаву ба зиндагии роҳату осудае расидаанд.
Ба гуфтаи коршиносони мустақил ин додаҳо суолоти зиёдеро эҷод мекунанд, аммо ба далели набуди омори ҷойгузин наметавон онҳоро рад кард.
"Баръакс, дар кишварҳои дигар дар ин давраи мушкил сатҳи камбизоатӣ боло рафт. Барои мисол, тибқи омори расмӣ дар ҷумҳурии Қирғизистон сатҳи камбизоатӣ аз 20,1% дар соли 2019 то 33,3% дар соли 2022 афзоиш ёфт. Дар Арманистон ҳам чунин вазъият (аз 23,5% ба 26,5%) аст, ки имкониятҳои иҷтисодияш шабеҳи Тоҷикистонанд", - мегӯяд иқтисоддон Акрам Юнусов.
Ба гуфтаи вай, масъулон барои муборизаи муассир бо фақр ҳеч иқдоме анҷом намедиҳанд ва зиёд кардани маоши кормандони давлатиро танҳо метавон шохиссозӣ гуфт, ки бо таваррум ҳамхонӣ надорад.
Ба иттилои ҷониби Русия, интиқоли пул ба Тоҷикистон дар соли 2022 ба сатҳи рекордии 3,2 миллиард доллар расидааст. Аммо дар ин муддат қурби рубл ба сомонӣ 8,9% поин рафт.
Дахлу харҷ
Бар асоси иттилои Вазорати меҳнати Тоҷикистон то моҳи декабри соли 2022 маоши миёна дар Тоҷикистон 1730,12 сомонӣ (157 доллар) будааст.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ" ҳукумат ҳар панҷ сол "Тавсияномаҳои методӣ оид ба муайян намудани сабади истеъмолӣ" қабул мекунад.
Тавсияҳо шомили 11 номгӯи маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла: маҳсулоти нонвойӣ, гӯшт, меваву сабзавот ва ғайра. Гуруҳи маҳсулоти ғайрихурокӣ шомили либосу пойафзол, болопӯш ва лавозимоти мактабӣ мешаванд.
Дар ин тавсияҳо хизматрасониҳои обу корез ва барқ низ ворид шудаанд.
Тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2018 ҳазинаи зиндагии ҳар нафар дар кишвар 50 доллар аст. Дар айни ҳол, бар асоси иттилои Бонки ҷаҳонӣ сатҳи таваррум дар Тоҷикистон дар соли 2022 8,3% будааст.
Чаро чораҳо муассир нестанд?
Мақомоти Тоҷикистон бо ҳадафи бартараф кардани камбизоатӣ бо шарикони байналмилалӣ ҳамкорӣ мекунанд. Дар кишвар даҳҳо тарҳи иҷтимоӣ анҷом мешаванд, ки дар заминаи дастрасӣ ба омӯзиш, қарз ва тибб кор мекунанд. Ғайр аз ин, Тоҷикистон ҳамасола аз даҳҳо кишвар кумаки башардӯстона дарёфт мекунад. Соли 2022 ҳаҷми умумии кумаки башардӯстона141 миллион долларро ташкил додааст. Аммо, тақсими кумакҳо шаффоф арзёбӣ намешавад ва ҳукумат дар ин маврид худро барои мардум ҳисобдеҳ маҳсуб намешуморад.
Иқтисоддон Назаралӣ Назаралиев, муассир набудани иқдомоти ҳукумат дар заминаи решакан кардани камбизоатиро ба вуҷуди фасод дар тамоми сатҳҳо медонад.
"Масалан, созмонҳои кумакрасон наметавонанд бо фоидаи кам ба тиҷоратҳои хурд қарз бидиҳанд, чунки манфиати гуруҳҳои наздик ба ҳукумат таъсирпазир мешавад. Деҳқонон наметавонанд маҳсулоти худро бо нархи муносиб фурӯшанд, зеро боз ҳамон доираҳои наздик ба ҳукумат он маҳсулотро бо қиммати пойин ворид мекунанд. Бурсияҳои таҳсилии донишгоҳҳои хориҷӣ на ба донишҷӯҳои лоиқ, балки ба онҳое дода мешавад, ки имкони пардохти онро доранд. Билохира, ба далели инҳисор шудани тамоми иқтисод дар дасти гуруҳи мушаххас ба Тоҷикистон сармоя ворид намешавад. Аммо, сармоягузорӣ муҳаррики аслии рушд ва роҳи коҳиш додани фақр аст", - мегӯяд коршинос.
Сабаби аслии нокоромадӣ бештар сиёсӣ аст то иқтисодӣ,-хулоса мекунад таҳлилгар.
Гуфтугӯ