Мақомоти Русия мегӯянд, Аминҷон Исломови 33-сола соҳиби охирини мошине аст, ки дар ҳамла ба толори консертии "Крокус Сити" истифода шудааст. Ба нақли онҳо, мошинро ба гумонбарони ҳамла бародари ӯ, Диловар Исломови 24-сола, фурӯхтааст.
Кумитаи тафтишотии Русия ба ин бовар аст, ки ин афрод дар ҳамлаи толори мусиқӣ нақш доштанд ва гуё онҳоро гумонбари дигар, Фаридуни Шамсиддин, дар моҳҳои январ ва марти имсол ҷалб кардааст. Ба иттилои ёфтаи Радиои Озодӣ, хоҳари Фаридуни Шамсиддин, яке аз гумонбарони дигари ҳамла, ҳамсари Аминҷон Исломов, аст.
Падару писарон Исломовҳо гуфтаанд, гуноҳ надоранд ва аз дар охири моҳи март аз додгоҳ хоста буданд, ки қарорашро дар бораи ҳабси онҳо бозибнӣ кунад, аммо рад шуд.
Алишер Қосимови 32-сола дар Красногорск мезист. Мақомоти Русия мегӯянд, ӯ ба яке аз муттаҳамони ҳамла ба "Крокус" Фаридуни Шамсиддин аз Тоҷикистон манзилеро ба иҷора дода буд. Модараш бовар дорад, ки ӯ бегуноҳ аст.
Номи ҳар чори онҳо дар рӯйхати шахсони муттаҳам ба терроризм ва ифротгароӣ дар Русия сабт шудааст.
Додгоҳи ноҳияи Басманнии шаҳри Маскав рӯзи 16-уми май муҳлати ҳабси ҳашт зодаи дигари Тоҷикистонро, ки ба ҳамлаи маргбор ба "Крокус Сити Ҳолл" дар Русия гумонзад ҳастанд, то 22-юми август тамдид (дароз) кард.
Ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл" дар наздикии Маскав дар шаби 22-юми марти имсол сурат гирифт. Мақомоти Русия гуфтанд, дар ин ҳодиса 144 нафар ҷон бохта, беш аз 500 кас осеб диданд.
Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифт, вале баъзе аз мансабдорони Русия ангушти иттиҳомро ба тарафи Украина дароз карданд. Киев даст доштанашро дар ҳодиса инкор кард.
Додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав то кунун сездаҳ нафарро ба гумони даст доштан дар ҳамла ба “Крокус Сити” ба ҳабс гирифт. Дувоздаҳ нафари онҳо аз Тоҷикистон ҳастанд ва як нафар аз Қирғизистон. Чанд шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон ба зидди қарори додгоҳ шикоят карда, худро расман бегуноҳ донистанд.
Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, пас аз ҳамла санҷишу боздошт ва ихроҷ афзуда, муносибати мардуму корфармоён бо онҳо дар Русия тағйир ёфтааст. Ҷониби Русия санҷиши муҳоҷиронро муваққатӣ ва чораи пешгирӣ аз терроризм номид. Тоҷикистон аз шаҳрвандонаш хостааст, бе зарурат ба Русия нараванд.