Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафир: Остона метавонад мизбони гуфтугӯҳои Киеву Маскав бошад


Даврон Абаев
Даврон Абаев

Сафири Қазоқистон дар Маскав Даврон Абаев дар суҳбат бо хабаргузории расмии ТАСС гуфтааст, суҳбатҳо дар бораи вазъи Украина наметавонанд бе иштироки Русия анҷом шаванд ва Остона омодааст, мизбони ин гуфтугӯҳо бошад.

"Мо омода ҳастем, ки на миёнарав бошем, балки минбар ва шароитро барои он муҳайё созем", - изҳор доштааст сафири Қазоқистон дар Русия.

Дипломати қазоқ дар робита ба конфронс бо ташаббуси Швейтсария, ки ба он Русия даъват нашудааст, афзуд, "бидуни ба инобат гирифтани назари ҷониби Русия ба кадом як созише расидан бисёр мушкил ва ҳатто номумкин аст".

Конфронс дар бораи Украина бо ташаббуси Швейтсария дар миёнаҳои моҳи июни имсол баргузор шуда, ба он намояндагони беш аз 160 давлат даъват шудаанд. Киев имкони гуфтугӯро бо Маскав рад мекунад.

Қазоқистон қаламравҳои ғасбшудаи Украинаро расман ҷузъи Русия эътироф накардааст ва ҳамчунин ҳамлаи низомии Русияро ба Украина на ҷонибдорӣ ва на маҳкум кардааст. Аммо ба гуфтаи рӯзноманигорони таҳқиқотгар, Русия барои давр задани таҳримҳои Ғарб ҳампаймонони худ, аз ҷумла Қазоқистонро истифода мекунад.

XS
SM
MD
LG