Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия 15 муҳоҷири узбекро барои занозании гуруҳӣ ихроҷ мекунад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Шаҳрвандони Узбекистон, ки дар занозании гуруҳӣ дар шаҳри Туапсеи Русия иштирок доштанд, аз ин кишвар ихроҷ карда мешаванд.

Хадамоти матбуоти додситонии Туапсе хабар додааст, ки ҷамъан 15 муҳоҷири узбекистониро аз Русия меронанд.

Ба огаҳии додситонӣ, занозании гуруҳӣ рӯзи 24-уми апрел пас аз баҳси лафзии муҳоҷирон дар корхонаи коркарди нафт рух додааст.

Дар занозанӣ 15 шаҳрванди Узбекистон иштирок кардаанд. Тавре маълум шуд, муноқиша дар заминаи маишӣ сар задааст.

XS
SM
MD
LG