Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ронандаи мусофирбарро дар Душанбе даҳ рӯз ҳабс карданд


Комилҷон Тошпӯлодов даҳ рӯз ҳабс карданд
Комилҷон Тошпӯлодов даҳ рӯз ҳабс карданд

Як ронандаи нақлиёти умумиро дар Душанбе, барои дашном додан даҳ рӯз ҳабс карданд. Рӯзи 18-уми апрел хабаргузории “Азия-Плюс” навори баҳси як зан бо ронандаи мусофиркашро дар Фейсбук пахш кард.

Хабаргузорӣ дар шарҳи навор навишт, шоми 17-уми апрел ронандаи троллейбуси рақами 10, ки зан буд мехост дар истгоҳи фурӯшгоҳи "Садбарг" мусофиронро фарорад. Аммо як мусофиркаши тамғаи “Спринтер” бо рақами зард, истгоҳро банд карда, барои троллейбус монеагӣ эҷод кард.

Дар навор дида мешавад, ки ронандаи мусофиркаши “Спринтер” ба сӯи ронандаи троллейбус аз алфози қабеҳ истифода мебарад. Аз сӯи дигар ронандаи троллейбус ҳам ба ин мард таҳдид мекунад, ки “тамошо кун, ҳозир чикор мекунам".

Пахши ин навори пур аз дашном дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёдро ба миён овард ва бисёре аз корбарон аз рафтори марди ронанда интиқод карданд. Дар пайи ин танқидҳо, Раёсати корҳои дохилии Душанбе гуфт, ронандаи мошини “Спринтер” Комилҷон Тошпӯлодов бо қарори додгоҳ барои майдаавбошӣ даҳ рӯз ҳабс шуд. Ин сокини 54-солаи шаҳри Душанберо ҳамчунин аз кор дар хатсайри рақами 35 пеш кардаанд. Назари ин мард ва наздиконаш ба ин қазия маълум нест.

Дағалгуфторӣ ва баҳсу даъво дар нақлиётҳои ҷамъиятии Душанбе пештар низ ҷой дошт.

XS
SM
MD
LG