Исфандиёри Одина, рӯзноманигор
1-уми май рӯзи ҷаҳонии коргар аст. Бисёре аз тоҷикон чунин мепиндоранд, ки ин рӯз аз давлати Шӯравӣ ба мерос монда, ки шиораш “Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо як шавед” буд. Аммо чунин нест. Ин рӯз аз соли 1886, замоне оғоз шуд, ки иттиҳодияҳои коргарӣ дар Амрико барои маҳдуд кардани рӯзи корӣ ба ҳашт соат эътисоби густурдае ба роҳ андохтанд.
Ҳарчанд ин рӯз акнун дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ба унвони рӯзи коргар таҷлил мешавад, аммо дар худи Амрико аз рӯзи коргар дар моҳи сентябр таҷлил мешавад.
Дар ин рӯз маъмулан, коргарон ва фаъолони иҷтимоию сиёсӣ дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон бо баргузории роҳпаймоиҳо ва тазоҳуроти эътирозӣ хостаҳои худро барои беҳбуд бахшидан ба шароити кору зиндагияшон матраҳ мекунанд. Имсол роҳпаймоиҳои густардае ба ин муносибат дар Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ, Индонезия, Филиппин ва чанде дигар аз кишварҳои Осиё ва Аврупо баргузор шуд.
Пулиси Туркия даҳҳо коргари норозиро, ки рӯзи чаҳоршанбе ба самти майдони Тақсими Истанбул ҳаракат мекарданд, боздошт кард. Қаблан давлати Раҷаб Таййиб Эрдуғон баргузории тазоҳуроти рӯзи коргарро дар ин майдон мамнуъ карда буд, вале созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар, аз ҷумла Афви Байналмилал, аз давлати Туркия хостанд, ин мамнӯъиятро лағв намояд ва ба дархости коргарони муътариз расидагӣ кунад.
Дар Тоҷикистон, ҳарчанд ин рӯз ба унвони “Рӯзи байнулмилалии якдилии меҳнаткашон” дар феҳристи ҷашнҳои миллӣ дарҷ шуда, вале солҳост, ки хабаре аз таҷлил аз он нест. На ба шакли шӯравиёна бо рақсу пойкӯбӣ ва баргузории режаи низомӣ ва на ба шакли ҷаҳонияш бо эътирозоти коргарӣ!
“Ҳодисаҳои нохуш”
Албатта, иддае аз тарафдорони Ҳизби коммунист ва аъзои Федератсиюни иттиҳодияҳои синфӣ (ё касабаи) Тоҷикистон, ки он ҳам созмоне бозмонда аз Шӯравист, маъмулан ин рӯзро дар маҳофиле хусусӣ ҷашн мегиранд. Ҳеч гуна роҳпаймоӣ ва ё эътирози коргарон барои тарҳи хостаҳояшон дар ин рӯз сурат намегирад.
Ин Федератсиюн муддаист, ки наздик ба 900 ҳазор узв дорад ва беш аз 14 ҳазор созмони маҳаллии он, чаҳор шӯрои минтақаӣ ва 17 созмони тахассусии вобаста ба он дар сатҳи кишвар фаъоланд. Яъне ин нерӯи андак нест, вале ба лиҳози сиёсӣ таъсиргузор нест ва дар тасмимгириҳои сиёсӣ нақше ифо намекунад.
Бо ин ҳол, дар баёнияе, ки Федератсиюни иттиҳодияҳои синфии Тоҷикистон ба муносибати рӯзи ҷаҳонии коргар дар торнамои худ интишор дода, омадааст, ки масоили “ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқи меҳнатии кормандон“ аз вазифаҳои умдаи ин созмон аст. Вале рух додани ҳаводиси нохуш дар ҷараёни кор, ки “боис ба осеб бардоштан ва ҳатто марги кормандон мегардад” боиси таассуф аст.
Ду рӯз пеш ин созмон гузориш дода буд, ки порсол вуқӯи 23 ҳодисаи нохуш дар корхонаҳо ба осеб дидани 35 коргар, аз ҷумла марги 15 тан мунҷар шудааст: “Шумораи кормандоне, ки дар шароити номусоид машғули кор мебошанд, дар соли гузашта 1384 нафарро ташкил дод. Рух додани ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ назар ба солҳои гузашта рӯ ба афзоиш дорад.”
Ин Федератсиюн зимни ситоиш аз раиси ҷумҳур, аз сиёсатҳои ӯ дар заминаи “фароҳам овардани фазои муносиб барои меҳнати арзанда, бехатарии меҳнат, таъсиси ташкилоту корхонаҳо ва таъсиси ҷойҳои кории доимӣ ва мавсимӣ” ва ғайра ибрози ризоят кардааст. Яъне, аз назари ин созмон, ба истиснои чанд маврид аз “ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот” коргарон дар Тоҷикистон гуё ҳеч мушкили дигаре дар заминаи таъмини ҳуқуқашон надоранд!
“Меҳнат шараф аст”
Бо гузашти 30 сол аз фурӯпошии Шӯравӣ ва истиқлоли Тоҷикистон, ба назар мерасад, ки ин созмон ҳеч тағйире накардааст. Замони Шӯравӣ федератсиюни иттиҳодияҳои синфӣ таҳти назари мустақими давлат буд. Бештар дар нақши як омили давлат ё як созмони “аз боло” сохташуда бар фаъолияти коргарон назорат мекард.
Иддаи андаке аз коргарон аз имтиёзҳое ба монанди рафтан ба осоишгоҳ бархурдор мешуданд. Ё дар роҳпаймоиҳо ва режаҳои низомӣ бо парчамҳои сурхи шӯравӣ ва шиорҳои “Меҳнат шараф аст!” ширкат мекарданд. Баъд аз он албатта мерафтанд ба майкадаҳову тарабхонаҳо ё канори ҷӯйбору рӯдхонаҳо, то истироҳат кунанд.
Ёдам ҳаст, ки чунин режаҳо ва роҳпаймоиҳо дар мактабҳо ҳам барпо мешуд, ширкат дар онҳо иҷборӣ буд ва мо донишомӯзон дар як рустои дуруфтодаи кӯҳистонӣ ҳам дар кӯчаи асосии деҳ қадам мезадем ва бо навохтани шайпуру нақора (табл) ашъоре дар ситоиши Ленин ва Ҳизби коммунист мехондем. Аммо бештари донишомӯзон аз он ашъор хушашон намеомад ва бештар шеъреро батакрор мехонданд, ки байте аз он дар зеҳнам нақш бастааст:
"Рангу бӯи тозае дорад баҳори зиндагӣ,
Синаҳо гардида пур аз ифтихори зиндагӣ."
Гоҳ дар ҷараёни роҳпаймоӣ гарду ғубор ба ҳаво мехост ва боре як ҳамсинфамон дарҷо шеърро иваз карду гуфт, “синаҳо гашта пур аз гарду ғубори зиндагӣ”! Мо ҳама хандидем ва ба ин шакл идома додем, чун ин мисраъ зиндагии шӯравиёнаи кишоварзони рустоиро беҳтар бозтоб медод, то ин ки муаллимон мутаваҷҷеҳ шуданду гуфтанд, бас аст, баргардед ба самти мактаб!
Ҳар ойина, дар Тоҷикистон ҳаргиз рӯзи ҷаҳонии коргар ба унвони рӯзе, ки табақаи коргар битавонад хостаҳои худро аз корфармоён, давлат ва ҷомеаи кишвари худ мутолиба кунад, таҷлил нашудааст. Яъне ин суннат ба сурате, ки дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ба таври худҷӯш барпо дошта мешавад, дар Тоҷикистон (ва ҷамоҳири дигари собиқ шӯравӣ ҳам) вуҷуд надорад. Албатта, Тоҷикистон чи дар замони Шӯравӣ ва чи имрӯз бештар як кишвари кишоварзӣ аст, то санъатӣ ва ҷунбиши коргарон ба унвони як қишри мунсаҷим вуҷуд надорад.
“Пролетарҳои тоҷик”
Тибқи омори мухталиф, беш аз 70 дарсади мардуми Тоҷикистон ба корҳои кишоварзӣ машғуланд. Албатта, баъд аз истиқлол аксари мардони қобили кори кишоварзӣ барои таъмини ниёзҳои хонаводаҳои худ роҳи Русияро пеш гирифтанд. Акнун коргарони муҳоҷир нерӯи аслии корӣ ва нерӯи пешбарандаи иқтисоди кишвар маҳсуб мешаванд.
Тоҷикистон кишваре бо бештарин мизони вобастагӣ ба пули коргарони муҳоҷираш аст, ки аксар дар Русия ба корҳои сохтмонӣ ва назофаткорӣ машғуланд. Пулҳои интиқолии онҳо тақрибан ниме аз даромади нохолиси дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
Бо ин ҳол, коргарони муҳоҷир беҳуқуқтарин ва осебпазиртарин қишри ҷомеа ҳастанд: ҳам дар кишвари худ ва ҳам дар Русия. Имрӯз, дар ҳоле ки дар бисёре аз гӯшаву канори ҷаҳон аз “Рӯзи ҷаҳонии коргар” таҷлил мешавад, садҳо коргари муҳоҷири тоҷик дар фурудгоҳҳо ва ё гузаргоҳҳои марзӣ мунтазири иҷозаи вуруд ба Русия ҳастанд – кишваре, ки бисёре аз тоҷикон онро “пуштибони халқи заҳматкаш” ё “пролетарҳо” мепиндоранд ва мавридҳои густардае аз ҳамлаҳои нажодпарастона ва озору азияти пайвастаи маъмурони пулиси русро нодида мегиранд.
Мақомоти рус тайи рӯзҳои охир садҳо коргари муҳоҷири тоҷикро аз кишварашон ихроҷ ва аз судури парвандаи кор барои ҳазорон тани дигар худдорӣ кардаанд. Ин мавзӯъ боиси танише бесобиқа байни Маскав ва Душанбе шудааст.
Дар иқдоме камсобиқа дар таърихи равобити ду кишвар, Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ахиран сафири Русияро дар Душанбе эҳзор карда ва эътирозномае ба дасташ додааст. Аммо мақомоти рус мегӯянд, ки тадобири сахтгирона алайҳи муҳоҷирон фақат нисбат ба тоҷикон нест ва ба ҳар қавму миллияте рабт дорад, ҳарчанд ин иддао ба таври мустақил таъйид нашудааст.
"Густохии сиёсӣ"?
Русия зоҳиран қасд дорад бо фишор бар Тоҷикистон ба ҳадафҳое даст ёбад, ҳарчанд ин аҳдоф маълум нест, вале метавонад ба ҷанги Украина муртабит бошад. Дар гузашта бо эъмоли фишорҳое ба ин монанд бар Эмомалӣ Раҳмон, раҳбари худкомаи Тоҷикистон, Маскав муваффақ шуда буд, муҳлати ҳузури пойгоҳи низомияшро дар ин кишвар барои ҳудуди 50 сол дароз кунад.
Илова бар ин, баъзе аз таъсисоти роҳбурдии Тоҷикистон, монанди дидбонгоҳи фазоии “Окно” дар Норакро, дар изои вомҳояш ба тасарруфи худ даровард. Дар солҳои охир фурудгоҳи низомии Айниро ҳам таҳти сайтараи худ гирифтааст.
Яъне, Тоҷикистон ҳам ба лиҳози иқтисодӣ ва ҳам ба лиҳози сиёсию амниятӣ худро батамом вобастаи Русия кардааст. Ин амр на танҳо барои табақаи ҳоким, ки тамомии манобеи иқтисод ва сарватро дар қабзаи худ гирифта, балки барои истиқлоли миллии Тоҷикистон ҳам хатарбор аст. Бавижа ин ки пойгоҳи низомии Русия дар ҳудуди 20 километр аз пойтахти Тоҷикистон қарор дорад ва ҳар лаҳза метавонад ба як иқдоми низомии ғайримунтазира даст занад.
Ихтилоф байни ду кишвар гуё ба ҳамлаи террористии моҳи март дар Маскав рабт дорад, чун мақомоти рус чаҳор тоҷикро омилони аслии ин ҳамла муаррифӣ карда ва ба ин баҳона ба таъқиб ва озору азияти муҳоҷирони тоҷик пардохтаанд. Вале ба гуфтаи соҳибназарон, ин баҳонае беш нест, чун равобити Путин бо Раҳмон пештар аз ин ҳаводис тира шуда буд.
Раҳмон на ин ки лашкаркашии Путинро ба Украина таъйид ва ё аз он ҳимоят накард, балки дар маҳфиле бо мушорикати раҳбарони умдаи кишварҳои собиқ Шӯравӣ гилоя ҳам кард, ки Русия ба шарикони худаш камтар таваҷҷуҳ дорад. Ба назар намерасад Путин ин “густохии сиёсиро” бахшида бошад.
Раҳбари худкомаи Русия ҳамеша дареғи фурӯпошии Шӯравиро хӯрда ва ба гуфтаи таҳлилгарон, ба дунболи эҳёи имперотурии Русия дар қолабе тоза аст. Тайи солҳои ахир Русия давлатҳои Тоҷикистону Узбакистонро барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ки Қазоқистону Қирғизистон аз аъзои он ҳастанд, пайваста таҳти фишор қарор додааст. Вале инҳо ҳанӯз ба ин фишорҳо тан надодаанд.
Бавижа давати Тоҷикистон борҳо гуфта, ки ҳануз омодаи пайвастан ба ин созмон нест. Албатта, на барои ҳифзи истиқлоли кишвар, чунончи мунтақидон мегӯянд, бал ба ин хотир, ки пайвастан ба ин иттиҳоди иқтисодӣ аъзои хонаводаи раисҷумҳурро аз касби даромадҳои ҳангуфти гумрукӣ маҳрум месозад.
Дар муқоиса бо Узбакистон ҷамъи зиёде дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам дилтанги Шӯравӣ ҳастанд, чиро ки давлати оқои Раҳмон дар ин се даҳа натавонистааст бо беҳбуди сатҳи рифоҳи иҷтимоӣ, ҷойгузине беҳтар ба ҷои он фароҳам созад. Бекорӣ ва фасоди густарда боис шуда, ки ҳатто бисёре аз кормандони давлат бо истифода аз низоми дутобеъиятӣ шаҳрвандии Русияро дарёфт кунанд.
Ин даста аз афрод бадашон намеояд, ки Шӯравӣ дубора эҳё шавад ё кишварашон ҷузъи Русия бошад. Онҳо зоҳиран ин рӯъёро дар сар мепарваранд, ки фурсати дубора барои баргузории “маёвка” ё истироҳатҳои рӯзи коргар ба шеваи шӯравиёна бо руфақои русашон фароҳам шавад, ғофил аз ин ки низоми Русия дигар болшевикӣ нест ва Путин ҳам ба дунболи эҷоди “интернатсионализм”-и рӯъёии мавриди писанди инҳо нест, балки “натсионолист”-е ифротист, ки барои расидан ба аҳдофаш аз ҳеч кори носавобе ибое надорад.
Вазъияти Украина ин нуктаро собит мекунад. Пас, лозим аст “пролетарҳои” тоҷик ба эҳёи Шӯравӣ умед набанданд ва худашон барои тарҳи мутолиботашон дар кишвари худ муттаҳид шаванд!
Аз Идора. Матолибе, ки дар гӯшаи "Блогистон" ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.