Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастнорас кардани TikTok дар Қирғизистон шуруъ шудааст


Ширкатҳои интернетрасон дар Қирғизистон ба бастани шабакаи иҷтимоии TikTok шуруъ кардаанд.

Бархе аз корбарон гуфтаанд, ки наметавонанд вориди ин шабака шаванд. Корбарони дигар гуфтаанд, ҳанӯз ҳеч мушкилиеро дар ворид шудан ба шабака мушоҳида накардаанд. Эҳтимол дорад, ҳоло на ҳамаи ширкатҳои интернетрасон дар Қирғизистон ин шабакаро маҳдуд кардаанд.

Чанд рӯз пеш Хадамоти танзим ва назорат дар соҳаи алоқаи Қирғизистон аз ширкатҳои интернетрасон хоста буд, ки дастрасӣ ба TikTok-ро маҳдуд созанд.

Расонаҳои он кишвар менависанд, хадамоти мазкур дар асоси дастури Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон аз ширкатҳо чунин дархостро кардааст. Дархости хадамот бо он асоснок шудааст, ки дар TikTok "муҳтаво, ба вижа муҳтавое, ки ба кӯдакон рабт дорад, ба таври бояду шояд сензура намешавад".

Мақомдорони Қирғизистон ин дархостро бо қонун "Дар бораи чораҳои огоҳисозӣ дар бораи зиён ба саломатӣ, рушди ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии кӯдакон" асоснок сохтаанд.

XS
SM
MD
LG