Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амволи Матраимов ва Колбоевро дар Қирғизистон мефурӯшанд


Акси Райимбек Матраимов ва Қамчӣ Колбоев
Акси Райимбек Матраимов ва Қамчӣ Колбоев

Мақомоти Қирғизистон амволи мусодирашудаи муовини пешини раиси Хадамоти гумруки ин кишвар Райимбек Матраимов ва намояндаи кушташудаи олами ҷиноӣ Қамчӣ Колбоевро ба фурӯш гузоштанд.

Ба иттилои Оҷонси идораи амволи давлатии Қирғизистон, иншооте, ки дар натиҷаи амалиёти Кумитаи амнияти миллии ин кишвар аз Матраимов ва Колбоев мусодира шудаанд, фурӯхта хоҳанд шуд.

Қитъаҳои замин ва хонаҳои ин ду нафар дар шаҳрҳои Бишкеку Ӯш ва вилояти Иссиқкӯл тариқи музояда ба фурӯш гузошта шудаанд.

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон қаблан гуфта буд, ки арзиши умумии амволи мусодирашудаи Матраимов 34 миллиону 810 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Райимбек Матраимов дар солҳои 2015-2017 муовини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон буд. Ному насаби вай борҳо дар таҳқиқоти рӯзноманигории вобаста ба низоми фасодолуди мақомоти гумруки Қирғизистон зикр шудааст.

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек 27 март Райимбек Матраимовро бо ҷурми "Ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардан" ва "Қонунигардонии даромадҳои ҷиноӣ" ҳабс кард.

Намояндаи олами ҷиноӣ Қамчӣ Колбоев рӯзи 4-уми октябри соли 2023 дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон кушта шуд.

XS
SM
MD
LG