Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машъали Бозиҳои олимпии Порис-2024 дар Юнон фурӯзон шуд


Дар шаҳри Олимпияи Юнон маросими афрӯхтани машъали Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпии Порис-2024 баргузор шуд.

Дар ин чорабинӣ президенти Юнон Катерина Сакелларопулоу, раиси Кумитаи байнулмилалии олимпӣ Томас Бах, намояндагони кумитаи тадорукоти бозиҳо, раҳбарони шаҳрдории Порис ва дигар шахсони расмӣ ширкат доштанд.

Тибқи нақша эстафетаи машъали олимпӣ дар Юнон 11 рӯз идома хоҳад кард. Сипас, 26-уми апрел, намояндагони кумитаи тадорукоти бозиҳо дар киштии бодбондори 120-солаи «Ле Белем» машъалро ба шаҳри Марсел мерасонанд.

Эстафетаи машъали олимпӣ дар саросари Фаронса 8-уми май оғоз шуда, 26-уми июл дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ ба анҷом мерасад.

Зимнан, варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Порис-2024 то ҳоло чаҳор роҳхат гирифтаанд, ки сетоаш ба риштаи бокс ва яктоаш ба таеквондо марбут аст.

Дар Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин Давлат Болтаев дар вазни то 92 кило байни мардон барандаи медали тилло ва Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кило миёни занон соҳиби медали биринҷӣ гардида, ба Олимпиадаи Порис-2024 роҳхат гирифтанд.

Роҳхати сеюмро Баҳодур Усмонов дар аввалин мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ дар риштаи бокс, ки рӯзҳои 3-11-уми марти имсол дар шаҳри Бусто-Арсизиои Италия баргузор шуд, дар вазни то 63,5 кило ба даст овард.

Мунира Абдусаломова дар мусобиқаи интихобии олимпӣ дар риштаи таеквондо дар қораи Осиё, ки рӯзҳои 15-16-уми март дар шаҳри Тайани Чин баргузор шуд, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Порис-2024 гардид.

Ин чаҳорумин роҳхати варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Порис-2024 ба шумор меравад. Мунира дар рақобатҳо дар вазни беш аз 67 кило муқобили намояндагони Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Қазоқистон пирӯз гашта, ба финал баромад ва соҳиби роҳхати олимпӣ шуд.

Варзишгарони тоҷик аз 19-ум то 21-уми апрел дар Бишкек дар мусобиқоти интихобӣ дар риштаҳои гуштии озод ва гуштии юнонию румӣ барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Пориси Фаронса ширкат меварзанд.

Барои 36 роҳхати олимпӣ 209 варзишгари кишварҳои қора мубориза мебаранд. Аз ҷумла, Федератсияи гуштии Тоҷикистон 9 варзишгарро ба ин мусобиқа сафарбар менамояд: Айаал Белолюбский (-57 кг), Абдулмаҷид Кудиев (-65 кг), Магомет Евлоев (-74 кг) дар риштаи гуштии озод; Ватансултон Шакаршоева (-50 кг) – гуштии занон, Асламҷон Азизов (-60 кг), Фирӯз Мирзораҷабов (-67 кг), Суҳроб Абдулҳаев (-87 кг), Мирзоамин Сафаров (-97 кг), Эдуард Бабоношев (-130 кг) дар гуштии юнонию румӣ.

Дар намуди гуштии озод паҳлавони маъруф Юсуф Абдусаломов соли 2008 дар Бозиҳои олимпии Пекин дар вазни 84 кило сазовори медали нуқра гаштааст.

XS
SM
MD
LG