Зеварбону Рауфӣ, рӯзноманигор
Дуруд ҳаммеҳани азиз.
Ҳамла ба “Crocus City Hall” дар наздикии Маскав ва пайомадҳои он бори дигар бепаноҳии тоҷикон ва беш аз пеш ноуҳдабароии ҳукумати кишварро ба намоиш гузошт.
Қабл аз он ки “гуноҳи ҳукумат нест”, “террорист миллат надорад”, “барои чанд гумроҳ шуда, набояд санги маломат ба самти ҳукумат зад” бигӯем, беҳтар аст, ҳақиқати талхеро, ки имрӯз кишвар бо он рӯ ба рӯ шуд, бипазирем ва дар пайи ислоҳ шавем.
Фардо ба мисли имрӯз оҳу нола, зорию илтиҷо назди ину он ҳеч фоида нахоҳад дошт. Ҳамон гуна, ки оби рафта ба ҷӯй бознамегардад, товони обрӯйи рафтаи миллатро ҳеч мақомдоре ба ҳеч ваҷҳ наметавонад пас бидиҳад.
То кунун наворҳову иттилооти фаровоне ба нашр расида, ки дар онҳо шаҳрвандони дастгиршудаи Тоҷикистон “гуноҳро ба гардан гирифтаанд”. Аммо асли бароат (persumption of innocence, презумпция невиновности) мегӯяд: Ҳар фарди муттаҳам ба ҳар ҷурме то замоне ки гуноҳаш собит нашавад, бегуноҳ ба шумор мешавад.
Бинобар ин, бар асоси “фарзияи бегуноҳӣ” бори қонунии исботи гуноҳ бар уҳдаи додситон аст, ки бояд бо санаду далелҳои боварбахш ба додрас ва ҳайати мунсифа ҷурми шахси гумонбарро исбот кунад. Ва ҳамаи инҳо шартҳои махсуси худро доранд. Додситон, додрас, муфаттиш бояд бетараф бошанд ё дастикам барои ҳукми одилона сухани вакили ҳар ду тараф шунида шавад.
Дар кишварҳое, ки зери султаи режимҳои худкома ҳастанд, ҳарф задан аз ҳар навъ адолат як навъ ҳамоқат ба ҳисоб меравад. Масалан, агар ин ҳодисаи шум дар кишваре қонунмеҳвар рух медод, шахсоне, ки бо ҳаракати “самосуд” дар пайи адолати худсарона буданд, ба ҷавобгарӣ кашида мешуданд.
Лек ҳамон андоза, ки муҷозоти фароқонунӣ яке аз вежагиҳои режимҳои саркӯбгари сиёсист, бетарафӣ ё шояд ҳам беаҳамиятӣ нисбат ба обрӯ ва тақдири мардум ва шаҳрвандон аз нишонаҳои дигари режими худкома аст.
Ҳатман ҳоло бо худ мегӯйӣ, агар ин иддао дуруст бошад ва далели аслитарини амалӣ шудани ин ҳаракати ғайриинсонӣ, ки боис ба марги чандин одами бегуноҳ шуда, дар истибдодгарии режими Русия аст, чиро шаҳрвандони Тоҷикистон мебоист ҷавоби ин фоҷеаро пас бидиҳанд?
Пайдо кардани посух ба ин пурсиш кори сахте нест, танҳо кофист ба он чӣ дар кишварамон тайи солҳои охир ва зери “сиёсатҳои хирадмандона”-и “элита”-и сиёсии кишвар амалӣ шуда, нигоҳе андозем.
Оё ту низ ин ҷумларо шунидаӣ, ки “Даркор бошад, мурдаи Ленинро ба калла мегирӣ”? Ин ҷумлаест, ки мутаассифона ҳақиқати Додситонӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Идораи амниятро дар кишвар бозгӯ мекунад. Яъне, тайи солҳои охир мақсади аслӣ пайдо кардани гунаҳкорони воқеӣ набуда, дар сурати “ниёз” ин сохторҳо ба осонӣ метавонанд ҳар иттиҳомеро ба дӯши гумонбар бор кунанд.
Пас, вақте тоҷик дар кишвари худаш то ин дараҷа бепаноҳ ва зери хатар аст, оё мешавад интизори вазъи беҳтаре барои тоҷик дар хориҷ аз кишвар дошт?
Дар кишваре, ки додрас бо “талаботи замон” ҳукм содир мекунад ва чӣ басо ҳукмҳое ба дур аз ҳар гуна адолат... Вақте писари мансабдор ҷурме чун қатл кард, танҳо ба се сол зиндон ва рӯзноманигоре, ки хатояш иҷрои вазифаи касбӣ аст, ба 6-7 ва ҳатто 10 сол зиндон маҳкум мешавад, ҳарф задан аз вуҷуди чизе чун адолати додгоҳӣ бештар шабеҳи танзи талхест.
Агар ҳукумат мардумӣ мебуд, тоҷик аз бепаноҳӣ берун меомад. Яъне, вақте шаҳрвандони кишварашро ба чунин ҷурме муттаҳам карданд, ба ҷойи дастгирӣ, шиканҷаи равонӣ ва бозҷӯии хонаводаҳои шахсони гумонбар, ҳайати муфаттишону вакилонро барои назорати шаффофияти тартиби додгоҳ ба Русия мефиристод. Як ҳукумати мардумӣ ва соҳиби истиқлол муваззаф аст, ки тавоноии дифоъ аз ҳуқуқи шаҳрвандонашро дар ҳар нуқтае аз дунё дошта бошад.
Ҳукумат барои дифои ҳаққи муҳоҷирони дигари корӣ, ки рабте ба ин қазия надоранд, вале имрӯз бо азобу заҳмати фаровон дар хориҷ аз кишвар кор мекунанд, чорае меандешид. Аммо мебинем то ба имрӯз ба мисоли шутурмуғе, ки ҳангоми тарс сар ба хок фурӯ мекунад, ҳеч амале аз самти ҳукумат барои ҳаллу фасли ин мушкил анҷом нашудааст.
Як далели тарс манбаи хориҷист. Тоҷикистон дар байни 5 кишвари Осиёи Марказӣ заифтарин давлатест, ки пас аз раҳоӣ аз истеъмори Русия ҳанӯз натавониста ба истиқлоли комил бирасад. Агар раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон чун иддаои ҳаводорони хеш, пешвои миллат аст ва ҳукумати ӯ мардумист, инҷо суоле пеш меояд. Он тарсеро, ки пеш аз ин дар борааш ҳарф задем, нисбат ба мардуми Тоҷикистон дорад?
Нуктаи ғамангезаш онҷост, ки мо тоҷикистониён дар ҳар сурат ҳеч аксуламале нишон надодаем, намедиҳем ва шояд нишон нахоҳем дод. Мо, ки дар кишвари худ барои ҳаққи бунёдии худ коре намекунем, дар сурати поймол шудани онҳо, ба Худо ҳаволаву сукут меварзем, шукрона мекунем. Дар интизори чием? Оё қарор аст, қаҳрамоне беному нишон аз нокуҷо пайдо бишавад ва ҳаққи моро ба мо боз гардонад?
Шояд шарҳи ҳоли имрӯзи мо ин байти Иқболи Лоҳурӣ бошад:
"Худо он миллатеро сарварӣ дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт."
Шояд ту низ аз худ мепурсӣ, хуб, ҳар чӣ бошад, ин бори аввал нест ва то ба ҳол дар чанд амалиёти терористии дигар номи тоҷикон сари забон уфтода ва ба он чӣ мегӯӣ? Суоли хубест, ман низ хеле вақт аст ба он фикр мекунам. Пас, агар мувофиқ бошӣ, дар матлаби баъдӣ ба решаёбии ифротгароӣ мепардозем.