Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеварбону Рауфӣ: Амният дастовард буд, вале куҷо шуд?


Акси муаллиф
Акси муаллиф

Зеварбону Рауфӣ

Дуруд, ҳаммеҳани азиз! Пурсише зеҳнамро машғул медорад: Амният чист?

Шояд далелаш хабарҳое бошанд, ки чанд вақти охир мехонем. Ғарқ кардани омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Исмоил Раҳмонов аз тарафи Акмал Юсуфзода, як мақомдори Вазорати корҳои дохилӣ. Рабуда шудани Шӯҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси “Ориёнбонк”. Ду хабаре, ки ин рӯзҳо мисли занги хатар дар гӯши мардум садо медиҳанд.

Дар асл дар 30 соли охир фарҳанги истифода аз зӯру мушту нерӯ дар ҷомеаи Тоҷикистон ниҳодина шудааст. Пештар ҳам хабари одамрабоӣ, гум шудани духтарону ноболиғон ва бо зӯрӣ ба мошин бор карда ба артиш бурдани ҷавонон дар расонаҳо ба чоп мерасиданд.

Зарфияти Эмомалӣ Раҳмон ангор ҳамин қадар аст: Як шиор (Ба пеш), як хонавода (хонаводаи худаш), як нафар (худи раисҷумҳур)...

Ба назар мерасад таблиғи телевизионҳои давлатӣ дар бораи оромишу суботу рушд, амнияту сулҳ дар кишвар чун шарбати таскинбахш боис мешуданд аҳолӣ то иттифоқ уфтодани ҳодисаи тозае мусибатҳои пешинро ба гӯшаи фаромӯшӣ биспоранд. Ҳоло, ки ин ду иттифоқи пурсару садо бори дигар ва бо қотеияти бештаре амнияти кишварро зери суол бурда, шояд посух ёфтан ба ин пурсиш, ки амният воқеан чисту чӣ гуна аст, холӣ аз фоида набошад?

Кӣ хатарноктар аст?

Ин мафҳум аз як сӯ бисёр содаву рушан ба назар меояд. Яъне ҳар инсоне амният ва ноамниро метавонад дарк мекунад. Аз сӯи дигар он печидааст, зеро таърифҳои гуногун ва фарқкунандае аз он пешниҳод шудаанд. Барои ёфтани шарҳи пурраи мафҳуми амният ба ҷустуҷӯ пардохтам. Дар китобҳои фарҳанг он ба шаклҳои гуногуне шарҳ шудааст. Ҷое, яке мегӯяд он ба маънии дур будан аз хатарҳоест, ки ба зидди арзишҳои маънавӣ (фарҳанг, дину эътиқод...) ва манофеи моддӣ (ҷон, молу сарзамин...)-и инсон аст. Дигаре ишора мекунад, ки амният ҳифозат аз арзишҳои маънавӣ ва манофеи моддист. Севумӣ вуҷуди шароити матлубро барои таҳаққуқи манофеи моддию арзишҳои маънавӣ амният медонад.

Метавон гуфт, ки ҳар кадом ба гунае марҳилаҳои ҳастии амниятро нишон медиҳанд. Нахуст бояд шароити матлуб фароҳам ояд, то амният падид ояд. Сипас барои бақои амният мебояд аз хатарҳо парҳез кард ва дар охир дар сурати рӯ ба рӯӣ бо хатарҳо бояд аз он муҳофизат намуд. Ҳамчунин ин таърифҳо нишон медиҳанд, ки амният аз пояҳое иборат аст:

  • марҷаи амният;
  • таҳдиди амният;
  • тавлидкунандаи амният;
  • абзор ва равиши эҷоди амният;
  • фарҷоми амният.

Шояд пеши худ мепурсӣ, хуб, марҷаи амнияташ дигар чист? Марҷаи амният посухи пурсишҳое ба мисли амнияти чӣ касе ё амнияти чӣ чизе мешавад. Агар Тоҷикистонро мисол бигирем, вақте ҳарф аз ташхиси марҷаи амният меояд, ба мушкил бармехӯрем. Агар дар кишварҳои нисбатан озод ва демократӣ марҷаи амният кишвар, аҳолӣ марз ва тамоми ҷанбаҳои дигари ҳаётии он дар назар бошад, дар Тоҷикистон марҷаи амният норушан аст. Ё шояд ҳам бисёр рӯшану возеҳ аст, лек намехоҳем қабул кунем, ки он шахси раисҷумҳур ва аъзои хонаводаи ӯ ҳастанд.

Ҳоло, пеш аз он ки чокарони ҳукумат ҳамла кунанд, мехоҳам ҳарфамро бо мисолҳо исбот кунад. Масалан, агар аҳолии Тоҷикистон марҷаи амният мебуданд, ҳукумат ва тамоми абрзорҳои амниятӣ барои ҳафзи амнияти мардум на танҳо дар дохил, балки дар хориҷ аз сарҳадҳои кишвар низ истифода мешуданд. Яъне, ҳеч касе наметавонист ба худаш иҷоза бидиҳад бо шаҳрвандони Тоҷикистон рафторҳои ғайриқонунӣ ва ғайриахлоқие, ки ин чанд вақти охир дар Русия донишҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатӣ аз сар гузаронданд, раво дорад. Кофист, касе аз нуқтазаъфҳои ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати иштибоҳи пешгирифтаи ӯву аъзои хонаводааш чизе бигӯяд, ҳатман тамғаи хоин, шӯришгар, фурӯхташуда, душмани тинҷию амонӣ ва садҳо ҳарфи амсоли ин нисбаташ гуфта шуда, ҳамаи абзорҳои амниятӣ барои бастани даҳанҳое, ки ҳарф мезананд, истифода мешаванд.

Таҳдиди амният низ тамоми омилҳое ҳастанд, ки дар сурати амалӣ шудан ба фарҷоми амният ё ҳамон ноамнӣ мерасонанд. Ин омилҳо метавонанд на танҳо берунӣ, балки дохилӣ низ бошанд. Ин чанд соли охир собит кард, ки аз назари маъмурони КДАМ, ВКД ё Додгоҳи олии Тоҷикистон, хабарнигорон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, гурӯҳҳо ва ё афроди мухолиф, ба амният хатар доранд. Ҳама ифротӣ, террорист ҳастанд. Лек оё боре мепурсанд, чӣ тавр имкон дорад, ки дарсади назаррасе аз ҷомеа, танҳо барои гуфтани камбудҳо ё ихтилофи назар доштан бо сиёсату ҳукумати вақт, таҳдид ба амнияти кишвар ҳастанд? Аммо ҳамин кормандони ҳукумат, ки ришвахорӣ мекунанд, фишор меоваранд, таҳдид мекунанд, даст ба одамрабоӣ ва ҳатто қатл мезананд, таҳдид ба амният надоранду хатаре эҷод намекунанд? Ё то замоне ба шахси раисҷумҳуру хонаводааш ва амнияти молу ҷони онҳо хатаре надоранд, ҳукумат бо онҳо мушкил надорад?

Дар ҷое, ки зӯргӯӣ ва эҷоди тарс аст...

Оё дар шароите, ки ҳукумати феълӣ ба нерӯҳои хориҷӣ ин тавр вобастааст, метавонем бовар кунем, амнияти сиёсии Тоҷикистон таъмин аст?

Тавлидкунандаи амният ду муҳаррики аслии ҷомеа – давлат ва мардум – ҳастанд. Албатта, дар ҷомеаҳои мардумсолор, инсонмеҳвар, яъне онҷо, ки мардум нақше дар интихоби вакилону раисиҷумҳур доранд, метавон нақши мардумро ба шакли бояд баҳогузорӣ намуд. Зеро дастгоҳи ҳокимияти давлат аст, ки бо истифода аз абзорҳои эҷоди амният, амнияти кишварро ба вуҷуд меовард. Дар кишваре, ки бо зургӯӣ ва эҷоди тарс байни мардум, ҳукумат бар умри хеш меафзояд, мешавад интизори вуҷуди амнияти воқеӣ шуд? Ё бояд бо сароби амният иктифо кард?

Инро низ бигӯям, ки абзор ва равиши эҷоди амният иборатанд аз сохторҳои марбут барои ҳафзи амният мисли пулис, артиш, амният, додгоҳ, қонуну қоидаҳои тасвиб шуда ва дар ҳоли амал...

Амният ба ғайр аз ин пояҳо, ҷанбаҳои мухталифе мисли низомӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва зистмуҳитиро дорост.

Амнияти низомӣ замонест, ки кишвар дорои нерӯ ва муҳиммоти кофӣ барои муҳофизат аз сарҳад, шаҳрвандон ва сарватҳои кишвар аст. Ба ғайр аз ин амнияти низомӣ, ҷанбаҳое ба мисли омӯзишу озмоиши ҷисмониву равонии низомиёнро дар бар мегирад. Яъне дар кишваре, ки шиканҷаи сарбозон, риоя накардани ойинномаи низомӣ аз тарафи низомиёни баландрутбаву хориҷ шуданашон аз маҳдудаи ваколаташон, мисли қазияи шиканҷаи навсарбозони қисми низомии Нерӯҳои марзбонии КДАМ, наметавон иддаои вуҷуди амнияти низомӣ дошт. Вақте ҳанӯз тавоноии ҳифозати ҷисму ҷону равони сарбозонамонро надорем, дигар баҳси заъфи нерӯҳои марзбонии кишвар бефоида аст.

Кишвари соҳибистиқлол, ки бо назардошти қонунҳои дохилӣ ва эҳтиром ба қонунҳои байнумилалии пазируфтааш, қодир аст новобаста ба қудрати хориҷӣ равобит ва умури дохилию хориҷияшро ҳаллу фасл намояд, аз амнияти сиёсӣ бархурдор аст. Кишварҳои ҷаҳони севум бо режимҳои истибдодӣ, наметавонанд ба ин ҷабҳаи амният даст ёбанд, зеро ҳукуматҳояшон одатан зери назорат ё “ҳимоят”-и кишварҳои қудратманд қарор доранд. Масалан, пас аз 31 соли ба даст овардани истиқлол, гуфта мешавад, ки тасмимҳои муҳими сиёсати Тоҷикистон дар паси дарҳои Кремл гирифта мешавад ва “дӯстӣ”- и оқои Раҳмон бо раисҷумҳури Чин низ аз чашми таҳлилгарони сиёсию равобити байнулмилал ба дур намондааст. Оё дар шароите, ки ҳукумати феълӣ ба нерӯҳои хориҷӣ ин тавр вобастааст, метавонем бовар кунем, амнияти сиёсии Тоҷикистон таъмин аст?

“Заҳматҳои шабонарӯзӣ”

Шакке надорам, ҳоло касе мегӯяд, хуб табиист ҳукумат беҳтар медонад бо Чину Русия муносибати дӯстона дошта бошад, дар бештари мавридҳо сукут кунад, зеро бе муҳоҷирони кории тоҷикистонӣ дар Русия ва қарзҳои Чин иқтисоди ланги кишвар фалаҷ хоҳад шуд. Хуб, дӯсти азиз, ин ҳам натиҷаи “заҳматҳои шабонарӯзӣ”-и раисҷумҳуру зердастонаш аст, ки амнияти иқтисодӣ надорем.

Мепурсӣ чӣ тавр мешавад амнияти иқтисодиро фароҳам овард? Бисёр ҳам сахт нест. Кофист тоҷиронро барои дигарандешӣ ё пайрави пешвои миллат набуданашон ба мисли Зайд Саид ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум накунад. Имкони рушди тиҷоратҳои тоза дар кишвар фароҳам шавад, озодиҳои бунёдии инсон риоят гардад. Низоми додгоҳи озод ва қонунмеҳвар дар кишвар фаъолият кунад. Инҳо роҳҳои содатарини ҷалби сармоягузорони дохилию хориҷист, ки боис мешавад зарфияти иқтисодии кишвар афзоиш ёбаду кишвар рӯ ба рушд ва дастёбӣ ба амнияти иқтисодӣ равад.

Вагарна, оқои Раҳмон барои бозпас додани қарзҳои тозаву рӯзафзун ба Чин метавонад пораи дигаре аз замини кишварро вогузор карда, онро “муваффақияти сиёсӣ” эълон кунад. Ё даҳсолаҳои дигар шаҳрвандони ин сарзамин барои пайдо кардани нони ҳалоли худу хонаводаҳояшон овораи кӯчаҳои ғурбат бошанд.

На фақат омӯзгорон, балки ҳар сол даста-даста мутахассисони соҳаҳои гуногун дар ҷустуҷӯйи кор, фазои озод ва амнияти бештар кишварро тарк мекунанд.

Вақте ҳам мардум дар ғами нони шабашон ҳастанд, аз кудом амнияти фарҳангӣ мешавад ҳарф зад? Мутаассифона фарҳанги миллии мо, ки зарфияти бузургу шукуфо нашудаеро дорост, имрӯз чун ҷазираи дар ҳоли ғарқест, ки таҳти таъсири фарҳангҳои бегона қарор гирифтааст. Ҳарчанд ошноӣ бо фарҳангҳои гуногун ба худии худ иттифоқи баде нест. Лек он гоҳ, ки ҷомеа шинохти кофӣ аз фарҳанги хеш надорад, табиист роҳаттар таҳти таъсири фарҳанги ғайр мемонад.

Як шиор (Ба пеш)... як нафар (худи раисҷумҳур)?

Аз адабиёту синамо гирифта то хӯроку пӯшишу ҳар роҳи мумкини дигар, ки ба зеҳнатон мерасад, фарҳангҳои ғайр дар талоши нуфуз ёфтан дар ҷомеаи мост. Мутаассифона, то замоне ҳам ки дар кишвар ба истеъдодҳои воқеӣ ва ҳунармандони асил имконият ва фазо дода намешавад, наметавон ба мардум намунаҳои ҷойгузин пешниҳод кард. Тоҷикистон тавони табдил шудан ба сарзаминеро дорад, ки барои рушди фарҳанги миллӣ, тоҷикӣ, хуросонӣ, эрони шарқӣ, эронӣ, он ҷо ки тамоми ҳунармандони соҳаҳои мухталифи ҳунарию илмию варзишӣ аз Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Афғонистон, Эрон ва ҳатто Покистону Ҳиндустон метавонанд ҷамъ оянд. Оқои Раҳмон ба ҷои шиорҳои холии пешвои тоҷикони ҷаҳон, метавонист танҳо бо такя ба ҷанбаи фарҳангӣ Тоҷикистонро камаш дар ин даҳ соли охир комилан дигаргун ва мутараққӣ созад.

Вақте шароити сиёсӣ дар Афғонистону Эрон ин тавр бад аст, Тоҷикистон метавонист нақши сакуи озод барои сарзаминҳои таърихии миллатамон бошад. Ҳунари меъморӣ, кошикорӣ, кулолгарӣ, шишакорӣ, сӯзанидӯзӣ, зардӯзӣ, нигиндӯзӣ, наҷҷорӣ, наққошӣ, навозандагӣ, рақс, ошпазӣ, нависандагӣ, синамо, театр, сарояндагӣ, ахтаршиносӣ, риёзӣ, кимиё ва даҳҳо илму ҳунари дигарро, ки бо гузаштаи таърихию фарҳангии мардуми тоҷик пайванд хӯрдааст, рушд бахшад. Барои кушодан ва фаъолияти созмонҳои фарҳангии тоҷикон дар ҳамсоякишварҳо кумак расонад, то иртиботе наздик байни аҳолии Тоҷикистон бо он дарсади назарраси аҳолии тоҷик дар ҳамсоякишварҳо фароҳам ояд. Лек зарфияти оқои Раҳмон ангор ҳамин қадар аст. Як шиор (Ба пеш), як хонавода (хонаводаи худаш), як нафар (худи раисҷумҳур)...

Ҳаммеҳани азизам, мехоҳам бо баҳси амнияти иҷтимоӣ ин матлабро ба охир бирасонам. Аммо чӣ тавр аз амнияти иҷтимоӣ метавон гуфт, вақте ҷомеа зери хатар аст? Вақте аз дасти таъқибу фишори мақомоти Тоҷикистон омӯзгорон ё гуреза мешаванд ё зиндонӣ ё дар дарё ғарқ... На фақат омӯзгорон, балки ҳар сол даста-даста мутахассисони соҳаҳои гуногун дар ҷустуҷӯйи кор, фазои озод ва амнияти бештар кишварро тарк мекунанд. Тибқи навтарин омор “фирори мағзҳо” чизе ҳудуди 266 ҳазор мутахассисро дар бар мегирад ё ба гунаи дигар бигӯем аз Тоҷикистон рафтани мутахассисон ба иқтисоди кишвар “қариб 80 миллиард доллар” зарар овардааст, ки ин барои кишваре чун Тоҷикистон зарарест ҳангуфт.

Ҳоло азизи дил, бо назардошти ҳамаи инҳо, агар бо айнаки воқеъгароӣ ба вазъи кишварамон нигоҳ кунем, оё мо амният дорем? Дарсади амният дар кишварамон чӣ қадар аст? Кудом ҷанбаҳои амниятӣ дар Тоҷикистон бештар аз бақия мелангад?

Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG