Маъмурони интизомии Санкт-Петербург ба мисли гӯшаҳои дигари Русия амалиётро ба зидди муҳоҷирон шуруъ кардаанд. Дар панҷ рӯз ба додгоҳҳои ин шаҳр тақрибан 600 парванда дар бораи нақзи қонуни муҳоҷирати Русия ворид шудааст.
Аз ин шумора 418 нафарро ҷарима бастаанд ва онҳо ба таври иҷборӣ аз Русия ихроҷ (депортатсия) карда хоҳанд шуд.
Ба иттилои сомонаи "Фонтанка", онҳоро дар Боздоштгоҳи муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ дар Санкт-Петербург ҷойгир кардаанд. Пештар Ваколатдори ҳуқуқи инсони Русия гуфта буд, ки ин марказ ҳадди аксар 336 нафарро меғунҷонаду бас.
Ба тақрибан 50 шаҳрванди дигари хориҷӣ фурсат дода шудааст, ки ихтиёрӣ аз Русия бираванд.
Амалиёти зидди муҳоҷирон дар Русия пас аз ҳамлаи маргбор ба толори консертии “Crocus City Hall” дар канораи Маскав оғоз шуд. Ҳамла шаби 22-юми март сурат гирифт.
Мақомоти Русия гуфтанд, ба гумони ҳамла 9 нафарро ба ҳабсӣ пешакӣ гирифтаанд, ки 8 нафари онҳо аз Тоҷикистон ҳастанд ва як нафар аз Қирғизистон.
Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, дар рӯзҳои аввали баъд аз ҳамла ба “Crocus City Hall” ҳазорон муҳоҷир дар бораи тафтишу боздошти беасос аз тарафи маъмурони интизомии Русия гузориш доданд.