Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон дар маросими оғози сохтмони неругоҳҳои нав иштирок кард.
Сохтмони силсилаи иборат аз 6 неругоҳи барқи обӣ дар дарёи Норин дар вилояти Намангони он кишвар рӯзи 25 март шуруъ шуд.
"Ҷамъияти саҳҳомии "Узбекгидроэнерго" бо харҷи 434 млн доллар дар дарёи Норин 6 неругоҳ месозад", - хабар додааст маркази матбуотии президенти Узбекистон.
Ин неругоҳҳо комилан аз ҳисоби дастгоҳҳо ва технологияи дар дохили Узбекистон истеҳсолшуда бунёд мешаванд, менависад маркази матбуотии президенти он кишвар.
Ин силсиланеругоҳҳо дар сол 1 млрд киловатт/соат барқ истеҳсол хоҳанд кард ва боиси сарфаҷӯии гази табиӣ хоҳанд шуд.