Сенати ИМА дар овоздиҳие буҷаи хароҷоти 1,2 триллион доллариро қабул ва бо ин пеши роҳи қатъи муваққатии кори ҳукуматро пешгирӣ кард. Лоиҳаи қонун, ки субҳи 23 март қабул шуд, бояд аз тарафи президент Ҷо Байден ба тасвиб расад.
Ҳарчанд Конгресс қаблан маблағгузории чанд муассисаи бузургро тасдиқ карда буд, лоиҳаи мазкур хеле калонтар буд ва маблағгузории вазорати дифоъ, департаменти давлатӣ ва дигар муассисаҳоро дар бар мегирад.
Мушкили қабули буҷа ба мухолифатҳои ҷумҳурихоҳон рабт дошт, ки мегуфтанд, манфитаҳои сиёсии онҳо нодида гирифта шуд. Айни замон, тарҳи буҷаи қабулшуда маблағгузории кӯмакҳои низомӣ ба Украина ва Исроилро дар назар намегирад ва сарнавишти ин қисми тарҳ ҳамоно норӯшан боқӣ мемонад.