Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Таслим намешавам." Ҳамла ба яке аз ёрони Навалний дар Литва


Леонид Волков. Акс аз соли 2021
Леонид Волков. Акс аз соли 2021

Ба Леонид Волков, яке аз ёрони сиёсатмадори мухолифи Русия Алексей Навалний (моҳи феврал дар шароити мармуз дар зиндон фавтид) дар Вилнюс, пойтахти Литва, ҳамла шудааст.

Мақомоти амниятии Литва рӯзи 13-уми март ҳамларо “иғвогарона” ва “эҳтимол” кори дасти Маскав донистанд, то ба ин восита мухолифону мунтақидони президент Владимир Путинро дар хориҷа ва бахусус кишварҳои Балтика битарсонанд.

Ҳамла ба Леонид Волков шоми 12-уми март иттифоқ уфтодааст. Ӯро бо путк ё болға задаву дасташро шикастаанд ва осебҳои дигар расондаанд.

Президенти Литва Гитанас Науседа гуфт, рӯшан аст, ки ҳамла тарҳрезишуда буд. "Ман ба Путин танҳо як чиз мегӯям: дар ин ҷо касе аз Шумо наметарсад," – афзуд ӯ ҳангоми шарҳи ҳодиса.

Леонид Волков пас аз ҳодиса
Леонид Волков пас аз ҳодиса

Леонид Волков, раиси пешини ситоди Алексей Навалний ва раиси собиқи Бунёди мубориза бо фасоди ӯ аз соли 2019 дар Литва кору зиндагӣ мекунад. Вай чанд соат пеш аз ҳамла ба расонаи мустақили “Meduza” гуфта буд, ки пас аз эълони марги Навалний дар шароити шубҳаовар аз амнияти худ бештар нигарон аст.

Бо вуҷуди ин, Волков ваъда дод, ки ба мубориза ба зидди Путин идома хоҳад дод. Ӯ баъд аз ҳамла ва баромадан аз бемористон низ дар наворе дар Telegram гуфт: "Ман ба корам идома медиҳам ва таслим намешавам".

"Онҳо мехостанд маро ба гӯштпора табдил диҳанд. Марде дар рӯйи ҳавлии хонаам ба ман ҳамла кард. 15 бор ба поям зад, аммо он солим аст. Ҳангоми роҳ гаштан дард дорад, вале мегӯянд, нашикастааст. Ӯ дастамро шикаст", - гуфт Волков ва илова кард, ки ин “як паёми возеҳ ва хоси Путин аст".

Хабаргузории “Meduza” аз қавли рӯзноманигор Сергей Пархоменко навиштааст, Леонид Волков дар як маҳаллаи хурде дар канори Вилнюс мезист. Пулис роҳро ба ҷойи ҳодиса баста, ба таҳқиқ идома медиҳад.

Вазири корҳои хориҷии Литва дар шабакаи “X” навишт, ки "гунаҳкорон бояд барои ҷинояти кардаашон ҷавоб диҳанд." Раиси Кумитаи умури хориҷӣ дар порлумони Литва гуфт, ҳамла ба Волков баёнгари он аст, ки Литва бояд аз сиёсатмадорон ва мухолифони Русия ва Беларус, ки муқими ин кишвар ҳастанд, пуштибонӣ кунад ва амнияти онҳоро таъмин намояд.

Ҳамларо ба яке мухолифони ҳукумати Русия дар Литва таҳқиқ мекунанд
Ҳамларо ба яке мухолифони ҳукумати Русия дар Литва таҳқиқ мекунанд

Вакил ва вазири пешини Литва Гидриус Сурплис гуфт, Путин "танҳо ёдрас кард, ки дасти дароз дорад ва ҳатто Литва, ки ба паноҳгоҳи мухолифони Русия ва Беларус табдил шудааст, амн нест."

"Ҳамла ба интихоботи наздики президентӣ дар Русия пайванд дорад. Путин дар онҷо бо куштани Навалний дар зиндон қудраташро нишон дод ва ҳоло онро дар хориҷа ба намоиш гузошт," – афзуд ӯ.

Дар бораи ҳамла аввал Кира Ярмиш, сухангӯйи собиқи Алексей Навалний ва дабири Бунёди мубориза бо фасоди ӯ (ФБК) хабар дод. Вай дар шабакаи “Х” навишт, ки як шахси ношинос тирезаи мошинаи Волковро шикаста, пеш аз зарба задан бо путк ба чашмонаш гази ашковар пошидааст.

XS
SM
MD
LG