Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юлия Навалная: "Путин шавҳарамро кушт"


Юлия Навалная
Юлия Навалная

Юлия Навалная, ҳамсари Алексей Навалний, президенти Русия Владимир Путинро дар марги шавҳараш гунаҳкор кард ва гуфт, ки фаъолиятҳои ӯро идома хоҳад дод.

Раҳбари зиндонии мухолифони Русия ва мунтақиди сарсахти президент Путин, ба гуфтаи мақомоти ин кишвар, рӯзи 16-уми феврал дар маҳбас фавтид. Бо гузашти се рӯз ҳанӯз ҷасади ӯро ба пайвандонаш надодаанд.

Хонум Навалная рӯзи 19-уми феврали имсол дар эъломияе аз тарафдоронаш хост, ки "аз ҳарвақта дида бештар" бо Кремл мубориза баранд, то дар "Русияи озод" зиндагӣ кунанд.

"Владимир Путин се рӯз пеш шавҳарам Алексей Навалнийро кушт," -- гуфт Юлия Навалная дар муроҷиати видеоии дудақиқаӣ дар шабакаи X (Твиттери собиқ).

Навалная ҳамроҳи ду фарзандаш дар хориҷа аст. Қарор аст, ба зудӣ бо вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел мулоқот кунад.

Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, дар пайванд ба марги Навалний изҳорӣ ҳамдардии амиқ кард ва гуфт, "Владимир Путин ва режими ӯ ба марги Алексей Навалний ҷавобгар хоҳанд буд."

"Ҳамон тавр ки Юлия гуфт, Путин Русия нест ва Русия Путин нест," – гуфт Боррел ва бори дигар пуштибонии Иттиҳоди Аврупоро аз ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳои мустақили ин кишвар баён дошт.

Вазири корҳои хориҷии Литва пештар таъкид карда буд, ки Иттиҳоди Аврупо пас аз марги Навалний бояд таҳримҳои зидди Русияро сахттар кунад.

Вазорати корҳои хориҷии Олмон гуфт, сафири Русияро дар робита ба марги Навалний даъват карда, ҳодисаро шадидан маҳкум мекунанд ва ҳам мехоҳанд, ки маҳбусони сиёсӣ дар Русия озод карда шаванд.

Дафтари садри аъзами Олмон Олаф Шолтз ба таври ҷудогона аз мақомоти Русия хостааст, ҷасади Навалнийро ба хонаводааш бидиҳанд.

Нашрияи "Новая газета Европа”, қароргоҳаш дар Латвия, рӯзи 18-уми феврал гуфт, пулис як сардхонаро дар шаҳри Салехарди Арктика муҳофизат мекунад. Бино ба тахминҳо, ҷасади Навалнийи 47-сола дар онҷо нигаҳдорӣ мешавад.

Хабаргузории мустақили “Mediazona” навори дурбинҳои назоратиро ба даст овардааст, ки чӣ гуна корвони мошинҳои пулис шаби баъд аз марги Алексей Навалний аз зиндон берун шудаанд. Ин навор шаби 16 ба 17-уми феврал дар шоҳроҳе сабт шудааст, ки шаҳри Лабитнанги ва Салехардро дар Арктикаи Русия ба ҳам мепайвандад.

Мухолифи сарсахти ҳукумати Русия дар Лабитнанги, шаҳре дар минтақаи мухтори Ямало-Ненетс зиндонӣ буд. Салехард ҷоест, ки гумон меравад ҷасади Навалнийро дар сардхонаи онҷо нигаҳ медоранд.

Дурбинҳо шаби баъд аз марги Навалний чиро сабт карданд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:02 0:00

Алексей Навалний, раҳбари зиндонии мухолифони Русия, ба гуфтаи мақомоти ин кишвар, рӯзи 16-уми феврал даргузашт. Ҷасади ӯро ҳанӯз ба пайвандонаш надодаанд.

Ба вуҷуди боздоштҳои пайиҳам, хонаводаи Навалний ва ҷонибдоронаш барои гирифтани ҷасади ӯ аз дасти мақомоти Русия талош доранд.

Кремл, ки солҳо аз зикри номи Алексей Навалний парҳез мекард, рӯзи 19-уми феврал сукути худро шикаст ва гуфт, ки тафтиши марги ӯ идома дорад, вале масъалаи кай супоридани ҷасад дар ихтиёри онҳо нест.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG