Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Масъули асосӣ Путин аст." Даъват ба мубориза барои Русияи озод


Юлия Навалная, ҳамсари Алексей Навалний, гуфт, муборизаро барои як Русияи озод идома медиҳад ва аз пайравони мухолифони ҳукумат хост, ба зидди Владимир Путин бо хашми беш аз ҳар вақти дигар мубориза баранд.

Ӯ президенти Русияро қотили шавҳараш номид, ки ба қавли ӯ, фарзандонашро аз падар маҳрум кард.

Паёми 9-дақиқаии Юлия Навалная рӯзи 19-уми феврал дар канали Алексей Навалний дар Ютуб нашр шуд ва зери унвони “Ман кори Алексей Навалнийро идома медиҳам”. Маълум нест, ки Навалная бо чӣ мақоме ин корро мекунад.

Ӯ рӯзи 19-уми феврал дар нишасти вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел ширкат дошт. Агарчӣ онҳо масъалаи таҳрими навро ба зидди Русия дар солгарди дувуми ҷанг дар Украина баррасӣ мекарданд, кишварҳои узв, аз ҷумла Олмон, хостанд, ки барои марги Навалний ҳам ба зидди Русия таҳрим эъмол шавад.

Ҷозеп Боррел, сиёсатгузори умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо, гуфт, “кишварҳои узв бешубҳа ба зидди афроди масъули марг таҳримот пешниҳод мекунанд, масъули асосӣ Путин худаш аст. Мо метавонем, ба зидди масъулони хадамоти иҷрои ҷазои Русия таҳрим ҷорӣ кунем, вале аз ёд набаред, масъули асосии марги Навалний кист.”

Мақомоти Русия гуфтанд, ки раҳбари 47-солаи мухолифон Алексей Навалний рӯзи 16-уми феврал ҳангоми қадамзанӣ дар як зиндони дурафтодаи Арктикаи Русия беҳуш шуд ва ба таври ногаҳонӣ даргузашт. Ӯ онҷо ҳукми 30-солаи зиндонро адо мекард.

Иван Жданов, яке аз шарикони Навалний, бо такя ба ҳарфи муфаттишон гуфтааст, барои ташхиси ҷасади ӯ, ки ҳоло ҷойи нигаҳдориаш маълум нест, 14 рӯз лозим аст.

Начандон дуртар аз зиндоне, ки Навалний онҷо буд, модараш ба идораи Кумитаи тафтишотӣ рафт, то ҷасади писарашро бигирад.

Кишварҳои ғарбӣ ва тарафдорони Навалний раиси ҷумҳур Владимир Путинро гунаҳкори марги ӯ меноманд. Ҳукумати Русия бо инкори чунин иддао онро ғайриқобили қабул хонд.

Владимир Путин дар бораи марги Навалний изҳори назар накардааст, аммо ин мавзуъ ихтилофи байни Ғарбу Русияро зиёдтар ва робитаҳои онҳоро бадтар кард.

Марги Навалний мухолифони парокандаи ҳукуматро дар Русия аз як раҳбари бонуфуз маҳрум кард. Ва тақрибан як моҳ пеш аз интихоботе, ки Путинро кам андар кам то соли 2030 дар қудрат нигаҳ медорад.

Видеоро дар инҷо бинед:

Юлия Навалная Путинро масъули марги шавҳараш номид
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:44 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG