Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алексей Навалний, мухолифи сарсахти Путинро дар Маскав дафн карданд


Маросими дафни Алексей Навалний. Маскав, 1-уми марти 2024
Маросими дафни Алексей Навалний. Маскав, 1-уми марти 2024

Ҷасади Алексей Навалний, сиёсатмадори мухолиф ва яке аз мунтақидони сарсахти президенти Русия Владимир Путинро рӯзи 1-уми март дар шаҳри Маскав дафн карданд.

Бо вуҷуди чораҳои бисёр сахти амниятӣ ва ҳузури зиёди нерӯҳои полис, ҳазорон нафар ба маросими видоъ бо ӯ рафтанд. Дар миёни онҳо хешовандону наздикон ва тарафдорону мухлисони Навалний буданд.

Алексей Навалнийи 47-сола пас аз се сол ҳабс рӯзи 16-уми феврал дар зиндони низомаш сангини минтақаи Ямало-Ненетск даргузашт. Мақомот марги ӯро “табиӣ”, вале пайвандону тарафдоронаш ва намояндагони баъзе аз кишварҳои ғарбӣ “қатл” меноманд.

Дар миёни онҳое, ки рӯзи якуми март барои видоъ бо Алексей Навалний рафтаанд, дипломатҳои хориҷӣ ҳам буданд. Аз ҷумла сафири Амрико дар Русия.

Маскав, 1-уми марти 2024
Маскав, 1-уми марти 2024

Полис барои ширкатдорони маросим як долоне созмон дод, ки бо монеаҳои оҳанӣ иҳота шудааст. Баъзеҳо барои наздиктар шудан ба мошине, ки ҷасади Навалнийро мебурд, ин монеаҳои оҳаниро шикастанд, аммо хабаре аз эҳтимоли бархӯрд бо полис нест.

Мақомот ба мардуми ҷамъшуда нагузоштанд, ки аз назди ҷасади Навалний гузаранд, онгуна ки расми масеҳиёни провославӣ иҷоза медиҳад. Полис дар ҳавлии қабристон санад ва сумкаҳои мардумро тафтиш кардааст.

Лаҳзаи видоъ бо Навалний. Ибодатгоҳ. Маскав, 1-уми марти 2024
Лаҳзаи видоъ бо Навалний. Ибодатгоҳ. Маскав, 1-уми марти 2024

Бахши русии Радиои Озодӣ навишт, ҳангоми ба тарафи қабристон бурдани ҷасади Навалний, бархе шиорҳои зидди ҷанг ба забон оварданд, дигарон зидди президент Владимир Путин садо баланд карданд.

Юлия Навалная, ҳамсари Алексей Навалний, маҳз Путинро дар марги ӯ гунаҳкор медонад.

Алексей Навалний як мухолифи сарсахти Путин буд, ки дар бораи фасоду ришвахорӣ дар сатҳҳои баландтарини ҳукумати Русия, аз ҷумла худи Путин таҳқиқоти муфассале анҷом медод. Кори ӯро акнун ҳамасараш Юлия Навалная ва ҳамсафонаш идома медиҳанд.

Шиорҳои зидди ҷанг ва Путин ҳангоми видоъ бо Навалний
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:21 0:00
XS
SM
MD
LG