Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ду дақиқа". Раҳбарони Тоҷикистону Русия дар Қазон чӣ гуфтанд?


Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин

Раҳбарони Тоҷикистону Русия шоми 21-уми феврал дар шаҳри Қазон, маркази Тотористон, мулоқот кардаанд.

Ин сафари аввалини Владимир Путин пас аз марги сиёсатмадори зиндонии мухолиф Алексей Навланий ба берун аз шаҳри Маскав аст.

Оила ва тарафдорони Навалний бовар доранд, ки ӯ дар маҳбас ба қатл расидааст ва масъулаш ҳам ҷуз Путин каси дигаре нест. Президенти Русия то ин дам дар мавриди марги Алексей Навалний изҳори назар накардааст.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21-уми феврал бо сафари корӣ ба Қазон рафт. Ҷое, ки раҳбарони Қирғизистон, Узбекистон, Қазоқистону Сербистон ва Беларус ҳам буданд. Дидори ҳамаи онҳо бо президенти Русия дар ҳошияи ифтитоҳи мусобиқаи “Бозиҳои оянда” сурат гирифт.

Баъзе аз расонаҳои Русия ба ин нукта ишора кардаанд, ки дидори Раҳмону Путин ҳамагӣ ду дақиқа тӯл кашид. Дар наворҳои нашршуда дидан мумкин аст, ки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон барои Путин "саломатии комил" ва “аъсоби пӯлодин” орзу кардааст.

Вай ҳамчунин мегӯяд, "ҳама чиз хуб хоҳад шуд”, вале манзураш мушаххас нест. Путин танҳо бо лабханд посух додааст.

Дафтари матбуоти раиси ҷумҳурии Тоҷикистон шоми 21-уми феврал хабар дод, ки “дар мулоқот вазъи ҳозира ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва баъзе аз масоили байнулмилалӣ ва минтақаӣ баррасӣ шуд”. Манбаъ тафсилот надодааст.

Баъзе аз раҳбарони кишварҳои Шӯравии собиқ, аз ҷумла Тоҷикистон, ки рӯзи 21-уми феврал дар Қазон ҷамъ шуданду бо Путин мулоқот карданд, барои саркӯби мухолифону дигарандешон, маҳдудияти озодии дину баён ва тақвияти низоми худкома дар кишварҳои худ танқид мешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG