Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико қонуни ҳиҷоби иҷбориро "қадаме ба қафо" хонд


Сарфи назар аз тадбирҳои сахтгиронаи ҳукумати Эрон, эътирози занон ба ҳиҷоби иҷборӣ идома дорад
Сарфи назар аз тадбирҳои сахтгиронаи ҳукумати Эрон, эътирози занон ба ҳиҷоби иҷборӣ идома дорад

Абрам Палей, муовини фиристодаи вижаи давлати Амрико дар умури Эрон, қабули қонуни "ҳиҷоб ва иффат" дар Эронро танқид кард.

Палей дар шабакаи иҷтимоии X (Twitter) навиштааст, қонуни ҳиҷоби маҷбурӣ "танбеҳи тоза ва қадаме ба қафо барои ҳуқуқи занон, ҳуқуқи башар ва озодиҳои мазҳабӣ аст."

Абрам Палей ҳамчунин навиштааст, мо ҳамчунон дар канори мардуми Эрон меистем, зеро онҳо ба таври мусолиматомез ва демократӣ ва каромоти инсонӣ хостаҳои худро талаб мекунанд.

Маҷлиси Шӯрои исломӣ ё порлумони Эрон ин ҳафта қонуни баҳсбарангези "ҳиҷоб ва иффат"-ро қабул кард. Бар асоси ин қонун, занонро барои нодуруст пӯшидани либоси исломӣ метавонанд то 10 сол зиндонӣ кунанд. То ин вақт барои ин кор ҷарима пешбинӣ шуда буд.

Қабул шудани ин қонун вокунишҳои густурдаро дар дохил ва хориҷи Эрон ба миён овард.

XS
SM
MD
LG