Шамил Ҳакимов, узви 72-солаи созмони масеҳии “Шоҳидони Яҳво” дар Тоҷикистон, рӯзи 16-уми май аз зиндон раҳо шуд.
Вай беш аз чаҳор солро дар маҳбас гузаронд. Бар асоси қонуни афв сеюним сол аз ҳукми зиндони ӯро кам карда буданд.
Дар ин муддат, ба гуфтаи вакили мудофеаш ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, аз дарди пой ва фишори хун “ранҷи зиёд дид” ва биноии як чашмро аз даст дод.
Жаррод Лопес, сухангӯйи “Шоҳидони Яҳво”, рӯзи 16-уми май гуфт, хушҳол аз онанд, ки Шамил Ҳакимов дар хона ва дар канори дӯстону наздикон аст. Дар айни замон ба вазъи нохуби саломатии ӯ ҳам ишора кард. Лопес гуфт, ҳоло Шамил Ҳакимов метавонад ёрии тиббии заруриро бигирад.
Парвандаи Шамил Ҳакимов яке аз қазияҳои пурсарусадо дар Тоҷикистон аст.
Ӯро Додгоҳи шаҳри Хуҷанд дар моҳи сентябри соли 2019 ба гуноҳи “барангехтани кинаву адовати диниву мазҳабӣ” ба 7 солу 6 моҳ зиндон маҳкум кард. Як далели муфаттишон ин буд, ки ӯ тарҷумаи тоҷикии Инҷилро бо худ дошт. Масъулони “Шоҳидони Яҳво” мегӯянд, ӯ танҳо барои ақидаи динияш боздошту зиндонӣ шуд.
Комиссияи ИМА оид ба озодиҳои байналмилалии динӣ соли 2021 ӯро дар феҳрасти “Маҳбусони мазҳабӣ” ҷой дода, аз мақомоти тоҷик озодии ӯро талаб карда буданд.
Давлати Тоҷикистон соли 2007 фаъолияти созмони “Шоҳидони Яҳво”-ро манъ кард, чун ба гуфтаи мақомот, пайравони он чанде аз қонунҳоро риоят накарда, аз ҷумла ҷавононро аз хидмати сарбозӣ боздоштаанд. Масъулони созмон мегуфтанд, ба ҳеч кори хато ё қонуншикание роҳ надодаанд.
Гуфтугӯ