Ин ҳушдор дар замонест, ки аз ҷанги Русия дар Украина тақрибан ду сол мегузарад ва нигарониҳо аз эҳтимоли хастагии сиёсӣ дар байни шарикони ғарбии Украина дар Ғарб ба назар мерасанд.
Роб Бауер, адмирали ҳолландӣ ва раиси Кумитаи низомии Нато рӯзи 17-уми январ гуфт: “Мо бояд бидонем, ки ин амр мусаллам нест, ки мо дар сулҳ ҳастем. Ва барои ҳамин мо худро барои даргирӣ бо Русия омода мекунем.”
Қарор аст, ба зудӣ кишварҳои узви НАТО ба як тамрини васеъмиқёси низомӣ оғоз кунанд, ки аз замони Ҷанги сард то кунун дида нашудааст. Тамринҳо моҳи оянда оғоз меёбанд ва то моҳи май идома мекунанд. Қарор аст, дар он 90 ҳазор сарбоз иҷрои тарҳҳои минтақавии НАТО-ро тамрин кунанд.