Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бас аст, Русия гуфтан." Қиссаи шоди як муҳоҷири тоҷик дар Олмон


Муҳаммадҷон Абдуллоев
Муҳаммадҷон Абдуллоев

Муҳаммадҷон Абдуллоеви 25-сола аз Тоҷикистон пас аз азобу машаққат дар Русия, тавонист раводиди Олмонро бигирад ва ҳоло дар ин кишвар ҳам кор мекунад ва ҳам таҳсил.

Ӯ мегӯяд, пас аз зиндагии пур аз тарс, таҳқир ва мушкилот дар Русия, худро дар Олмон ҳамчун як инсон эҳсос мекунад. Аз кори худ розӣ аст, вале намехоҳад доимӣ дар Олмон бимонад. Орзу дорад, ки донишҳои андӯхтаашро ба Тоҷикистон бурда, соҳибкори комёб шавад.

“Муддати се сол аст, ки дар Олмон таҳсил мекунам, дар шаҳри Фрайбург, заминҳои Баден-Вюртемберг, қарибии Швейтсарияву Фаронса," – гуфт ӯ дар суҳбат бо "Мигрант Медиа".

Ӯ ҳоло шод аст, вале ба ёд овардани таҳқир, латукӯб ва “рейд”-ҳои пулис дар Русия ва зимистонҳои сахти он кишвар ӯро нороҳат мекунад: “Дар Олмон озодӣ ҳаст. Ҳуқуқу озодии муҳоҷирон дар сатҳи бениҳоят баланд аст. Намегӯянд, ки муҳоҷир ҳастед ё олмонӣ. Ҳама баробар аст. Ҳис мекунӣ, ки дар Тоҷикистон ҳастӣ. Ҳеҷ кас ба ту, ба дин, ба шараф, ба ягон ҳуқуқи ту кордор намешавад, озод мегардӣ.”

Пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Данғара, Муҳаммадҷон Абдуллоев орзуи таҳсил дар Олмонро дошт, аммо натавонист раводид (виза) бигирад ва маҷбур шуд ба Русия муҳоҷират кунад. Ҳашт моҳ дар онҷо кор кард.

“Дар он ҷо каме мушкил буд. Ростӣ, муҳоҷирон ҳамаи ҳуҷҷатро доранд, вале аз милисаҳо, хубтар ва дақиқтараш “мент”-ҳо гӯем, метарсиданд. Мисол, худам патент доштам, ҳамаи ҳуҷҷатҳоро доштам, лекин милисаро медидам ба як тарс меомадам,” – қисса кард ӯ.

Ҳамчун як муҳоҷири беихтисос, Муҳаммадҷон дар Русия маҷбур буд, ҳар кореро анҷом диҳад. Ба гуфтаи худаш, “ба мисли барфтозакунӣ, дар ҳавои 40 дараҷа хунукӣ, мардикорӣ ва баъдан дар сардхонаҳо ва дар охир дар фурӯшгоҳи пойафзол ҳам кор кардам”.

Навор дар Инстаграм:

Сахтию машаққат дар Русия Муҳаммадҷонро водор кард, ки бори дигар ба сафорати Олмон дар Русия ҳуҷҷат супорад. Ин бор раводид гирифт ва чун донишҷӯ ба Олмон сафар кард: “Дар инҷо ҳам кор мекунам ва ҳам мехонам. Стипендияе, ки ҳар моҳ дар инҷо медиҳанд, аз 700 то 1100 евро мебошад, ки ба ҳамаи хароҷот мерасад.”

Муҳаммадҷон Абдуллоев дар Фрайбурги Олмон дар соҳаи хӯроки умумӣ ва тарабхонаву меҳмонхонаҳо таҳсил ва дар баробари ин ошпазӣ ҳам мекунад. Вай мегӯяд, бархилофи Русия, дар Олмон худро ҳамчун инсон эҳсос кардааст: “Бас аст, Русия гуфтан. Дар он ҷо шумо ҳеҷ чизро азхуд карда наметавонед. Забон хонед, ба давлатҳои Аврупо оед. Дар инҷо метавонед бисёр чизҳоро азхуд кунед ва пули хуб ҳам ба даст оред.”

Бо вуҷуди ҳамаи хубиҳо Муҳаммадҷон мехоҳад ба Тоҷикистон баргардад: “Ман то охир он ҷо истоданӣ нестам. Чӣ идеяҳое, ки аз худ кардам, мехоҳам ба Тоҷикитстон биёрам ва сайқал диҳам. Мехоҳам як фоидаи ман ба халқи тоҷик расад. Системаи гастрономияи Аврупоро ба Тоҷикистон биёрам, дар худамон ҳаст, вале ҳоло дар сатҳи олӣ нест.”

Агар пеш аз сафари Русия вазъи хонаводаи Муҳаммадҷон Абдуллоев хуб набуд, бо пуле, ки вай дар Олмон пасандоз кард, тавонист дар Тоҷикистон хонаву дар обод кунад ва дар моҳи августи гузашта ба Тоҷикистон рафта оиладор шуд. “Аз корам розӣ ҳастам, зиққӣ дорам, Тоҷикистонро бениҳоят ёд мекунӣ. Аз ҳам чиз розиям, аммо хоки Тоҷикистон мекашад,” – мегӯяд ӯ.

Видеоро дар Фейсбук бинед:

XS
SM
MD
LG