Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз 20 то 30 сол. Эълони ҳукми Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов


Акси Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов
Акси Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов

Додгоҳи шаҳри Душанбе Сӯҳроб Зафар, раҳбари "Гурӯҳи 24", созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистонро ба 30 сол ва узви баландпояи ҳамин гурӯҳ Насимҷон Шарифовро ба 20 сол зиндон маҳкум кардааст.

Ҳукми онҳо рӯзи 10-уми октябр дар Боздоштгоҳи рақами 1-и Душанбе паси дарҳои баста содир шудааст.

Мақомот хабарро тасдиқ ё рад накарданд. Ду манбаи огоҳ аз мурофиа рӯзи 17-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "додрас ҳукмеро ба онҳо дод, ки додситонӣ талаб карда буд".

Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, 30 сол зиндон ҷазои сахттарин ба шумор меравад. Баъди ин танҳо ҳабси абад пешбинӣ шудааст. Додгоҳҳои Тоҷикистон дар гузашта Азизулло Абдуллоев, мудири як ширкати хонасозӣ ва Фаромӯз Иргашов, ҳуқуқдони ҷавон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро 30-солӣ аз озодӣ маҳрум кардаанд.

"Ҳарду дар суҳбати охирини худ дар мурофиа гуфтанд, аз роҳи интихобкардаашон пушаймон нестанд. Сӯҳроб Зафар гуфт, аз касе пора нагирифта, ҳаққи касеро нахӯрдааст ва касеро накуштааст ва ҳеч кори хилофи қонуни башарӣ накардааст, ки пушаймон бошад. Ӯ гуфт, ба халқам хиёнат накардам ва созмони мо ҳам террористиву ифротӣ нест," – нақл кард як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Ӯ афзуд, вазъи рӯҳии Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов хуб ба назар мерасид ва зоҳиран ба эълони ҳукм омода буданд. Ин манбаъ гуфт, ки онҳо як ҳафтаи дигар фурсат доранд, ки барои бозбинии ҳукм ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят кунанд.

“Додрас пурсид, ки шумо намедонистед, ки коратон ҷиноят аст ва рӯзе дар назди қонун ҷавоб медиҳед? Сӯҳроб Зафар гуфт, на танҳо боздошту зиндонӣ шудан, ҳатто кушта шуданро ҳам интизор буданд,” -- гуфт ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Бо ин ҳол, ҷузъиёти ҳукм маълум нест. Пештар намояндагони “Гурӯҳи 24” гуфта буданд, ки Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов ба “Даъват барои бо зӯр тағйир додани сохти конститутсионӣ бо истифода аз Интернет” гумонзад ҳастанд.

Сӯҳроб Зафар, раҳбари "Гурӯҳи 24" ва Насимҷон Шарифов, фаъоли ин созмони мухолифи ҳукумат, дар моҳҳои феврал ва марти соли 2024 дар шаҳри Истанбули Туркия ба таври мармуз нопадид шуданд. Додситони кул Юсуф Раҳмон баъди қариб ним сол, рӯзи 9-уми август, дар нишасти хабарӣ дар Тоҷикистон будани онҳоро таъйид кард. Дар ҳоле ки мақомот чӣ гуна дастгир ва аз Туркия ба Тоҷикистон овардани онҳоро нагуфтанд, "Гурӯҳи 24" қазияро "дуздӣ" номид.

Масъулони созмони мухолиф рӯзи 20-уми сентябр дар баёнияе гуфтанд, "ин амалҳо танҳо нишонаи равшани режими худкома ва фасодзадаи Эмомалӣ Раҳмон аст, ки барои ҳифзи қудрати худ аз ҳар роҳу восита истифода мебарад."

Сӯҳроб Зафар аз соли 2014 дар Туркия мезист. Вай дар гузашта, аз ҷумла соли 2018, чанд дафъа дар Туркия дастгир, вале озод гардида буд. Насимҷон Шарифов аз соли 2015 дар Туркия мезист ва ба камияш се бор дастгиру раҳо шудааст. Ӯ соли 2018 беш аз ду моҳ дар боздоштгоҳ буд.

Созмони “Гурӯҳи 24”, ки соҳибкори норозӣ Умаралӣ Қувватов бунёд гузоштааст (худаш соли 2015 дар Туркия кушта шуд), бо қарори Додгоҳи олӣ дар Тоҷикистон “ифротгаро” ва “мамнуъ” эълон шудааст. То ин дам ба гуноҳи пайравӣ аз он даҳҳо нафар дар Тоҷикистон, Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ боздошт ва бархеи онҳо ба муддати дароз зиндонӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG