Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил мегӯяд, тарҳи ин кишвар барои ҳамла ба Эрон омода аст


Мақомоти исроилӣ гуфтаанд, ки тарҳи ин кишвар барои ҳамла ба Эрон омода аст.

Як мақоми исроилӣ ба шабакаи телевизионии ABC гуфтааст, ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил иҷозатномаи ҳамла ба бархе нуқтаҳо дар Эронро дар вокуниш ба ҳамлаи мушакии ин кишвар дар моҳи гузашта, содир кардааст.

ABC мегӯяд, ки ин манбаи исроилӣ ҷузъиёти бештаре дар бораи ин нуқтаҳо ва инки оё онҳо танҳо пойгоҳҳои низомӣ ҳастанд ё не, ироа накардааст.

Ин гузориш ҳамчунин таъкид мекунад, ки замони ин ҳамлаҳо мушаххас нашудааст.

Аз сӯе, шабакаи телевизионии CNN ҳам дар гузорише монанд, дар гуфтугӯ бо як манбаи огоҳ таъкид мекунад, ки тарҳи Исроил барои посух ба ҳамлаи аввали октябр омода аст.

Ин дар ҳоле аст, ки ба гуфта ин манбаи огоҳ, мақомоти исроилӣ, аз ҷумла, Бенямин Нетаняҳу, ба Амрико итминон додаанд, ки ҳамлаи ҷавобӣ ба Эрон маҳдуд ба пойгоҳҳои низомӣ хоҳад буд ва шомили таъсисоти нафтӣ ё ҳастаӣ намешавад.

Эрон дар вокуниш ба кушта куштани Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон ва Исмоил Ҳания, раҳбари сиёсии "Ҳамос" беш аз 180 мушак ба тарафи Исроил партоб кард.

Пештар Бенямин Нетаняҳу ваъда дода буд, ки Эрон барои ин ҳамла "баҳои вазнин" хоҳад пардохт.

Мақомоти Эрон ҳам гуфтаанд, ки ба ҳар гуна ҳамлаи Исроил посухи аз гузашта қавитар хоҳанд дод.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG